Бародари ҷавонзани аз баландошёнаи Макка худро ба замин афканда: “Хоҳарам рӯҳан бемор набуд”

“Ӯ ҳеч гоҳ бемор нашуда, ягон дардаш ҳам хурӯҷу шиддат намегирифт. Ягон дору ё ҳаб истеъмол намекард, ки чунин натиҷаву таъсир расонад. Дар қайди беморхонаи каслиҳои рӯҳӣ набуд”, – хабар дод дар мактуб ба “Азия-Плюс” Иброҳим Мансуров, ки худро бародари ҷавонзани фавтида Моҳира Мансурова меномад. Бино ба гуфтаи ӯ, Моҳира ҳеч гоҳ гирифтори каслиҳои рӯҳӣ […]

“Ӯ ҳеч гоҳ бемор нашуда, ягон дардаш ҳам хурӯҷу шиддат намегирифт. Ягон дору ё ҳаб истеъмол намекард, ки чунин натиҷаву таъсир расонад. Дар қайди беморхонаи каслиҳои рӯҳӣ набуд”, – хабар дод дар мактуб ба “Азия-Плюс” Иброҳим Мансуров, ки худро бародари ҷавонзани фавтида Моҳира Мансурова меномад.

Бино ба гуфтаи ӯ, Моҳира ҳеч гоҳ гирифтори каслиҳои рӯҳӣ набуда, умуман беморие надошт ва танҳо пеш аз тӯйи арӯсӣ оид ба хориҷ кардани варами кӯррӯдааш (аппендицит) ҷарроҳӣ шуд”, – менависад ӯ.

Дар нома ӯ изҳори итминон кардааст, ки ҷавонзани 22-сола ба худкушӣ даст зада наметавонист, зеро барои оянда нақшаҳои зиёде дошт.

“Пеш аз тӯяш мо хеле самимона гуфтугӯ кардем. Ӯ аз нақшаҳои худ маро огоҳ кард. Моҳира дар курси панҷуми факултаи дорусозии Донишгоҳи миллӣ таҳсил мекард. Баъди хатми донишгоҳ дорухона кушода, ба марлум нияти кумак карданро дошт”, – мегӯяд Мансуров.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 20 октябри соли 2018 тариқи алоқаи видеоӣ бо хоҳараш сузбат кардааст, ки бо шавҳар ва бародараш ба ҳаҷ рафта буданд: “Ӯ ғамгин буд”.

“Ман пурсидам, ки бо ту чӣ шуд? Ӯ чизеро пинҳон мекард, танщо гуфт, ки ҳаво хеле гарм аст. Ман то 23 октябр дар бораи ин ҳодиса чизеро намедонистам, ба ман волидонам бо телефон хабар доданд. То ҳол тариқи телефон бо язнаву бародари ӯ тамос гирифта наметавонам”, – мегӯяд бародари ҷавонзани фавтида.

Мансур намефаҳмад, ки чаро язна ва бародараш аз ӯ дурӣ меҷӯянд, ба зангҳои телефонӣ ҷавоб надода, ҳақиқати фоҷеаро пинҳон медоранд.

Ба қавли ӯ, падари домод ҳамсояи хуби падараш аст ва гӯё барои ҳамин волидони ҳарду тараф намехоҳанд, ки ҷузъиёти ҳодиса ҳамаҷониба таҳқиқ шавад.

“Волидони ӯ падару молдари маро илтиҷо кардаанд, ки ҳаёти боз як нафри дигарро насӯзонед. Волидони ман бошанд, нахостаанд, ки боз як каси дигар ҷабру азият кашад, зеро дар чунин фикранд, ки як фоҷеа ҳам алҳол кофист”, – навиштааст ӯ, аммо ин ҷо чиро дар назар дорад, шарҳ намедиҳад.

Иброҳим хабар медиҳад, ки хоҳараш Моҳира Мансурова 26 августи соли равон ба Самадҷон Ҳалимов ба шавҳар баромад. Ба адои сафари ҳаҷ модари Самадҷон исрор варзидааст.

“Бо ин роҳ модараш мехост, ки ӯ роҳи дурустро интихоб намояд. Ӯ ба писари худ бовар надошт, аз ин рӯ, бо оилаи ҷавон бародари калонии Самадҷон – Собирҷонро ҳамроҳ фиристод, то ки ӯро назорат кунад”, – мегӯяд Иброҳим Мансуров.

Дарвоқеъ ҳам дар Макка чӣ ҳодиса рух доданро бародари Моҳира намедонад.

Ёдрас мекунем, ки ҷавонзани 22-солаи тоҷик, ки барои адои маросими ҳаҷҷи умра ба Макка рафта буд, рӯзи 21 окятбри соли ҷорӣ худро аз ошёнаи 13-уми меҳмонхонаи назди масҷиди Ал-Ҳарами ин шаҳр ба замин партофт.

Дар Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки ин худкушӣ буда, ҷавонзан ба бемории рӯҳӣ гирифтор будааст.

Сухангӯи Кумита Афшин Муқим изҳор дошт, ки волидони ҷавонзан дар ниҳояти кор иқрор шудаанд, ки ӯ бемории рӯҳӣ дошта, баъзан он шиддат мегирифтааст, лекин духтарашон бисёр хоҳиши ҳаҷ карданро доштаааст ва онҳо хоҳиши ӯро рад карда натавониста, бемории ӯро пинҳон нигоҳ доштаанд.

Маҳз бо ҳамин сабаб, ба қавли Афшин Муқим, онҳо шавҳару бародари ӯ ва Моҳираро ҳамроҳ ба ҳаҷ фиристодаанд, то ки ӯро назорату нигоҳубин кунанд.

Зимнан зикр гардида буд, ки волидони Моҳира ҳуҷҷатеро ба таври нотариалӣ тасдиқ кардаанд, ки дар он ҳеҷ касеро дар марги духтарашон гунаҳкор намедонанд ва розигӣ додаанд, ки ҷасади Моҳира дар сарзамини муқаддас дар Арабистони Саудӣ ба хок супурда шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.