Ҷаримаи ҷавонзани хуҷандӣ барои ҷашни зодрӯз дар тарабхона

Сокини шаҳри Хуҷанд Азиза Бобоҷонова рӯзи 17 сентябр 6 нафар дугонаҳояшро ба 25-умин солгарди ҷашни зодрӯзаш ба тарабхонаи “Истиқлол”-и шаҳр даъват намуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, барои риоя накардани муқаррати Қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" суди шаҳри Хуҷанд Бобоҷоноваро 5 ҳазор сомонӣ (наздики 530 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокини шаҳри Хуҷанд Азиза Бобоҷонова рӯзи 17 сентябр 6 нафар дугонаҳояшро ба 25-умин солгарди ҷашни зодрӯзаш ба тарабхонаи “Истиқлол”-и шаҳр даъват намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, барои риоя накардани муқаррати Қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" суди шаҳри Хуҷанд Бобоҷоноваро 5 ҳазор сомонӣ (наздики 530 доллар) ҷарима кард.

Қобили зикр аст, ки дар моддаи 8 қонуни дар боло зикршуда қайд мешавад, ки зодрӯз бояд танҳо дар доираи оила ҷашн гирифта шавад.

Моҳи августи соли 2017 ба қонуни зикршуда тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он, дар сурати аз ҷониби аъзои ҳукумат, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, дигар мансабдорони давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомти ҳифзи ҳуқуқ, гумрук, андоз ва хизматчиёни ҳарбӣ ё фарзандони онҳо риоя нашудани талаботи ин қонун, онҳо аз мансаб барканор карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.