БҶ: Тақрибан 13% аҳолии Тоҷикистон дар давоми сол камбизоат боқӣ мемонанд

Тайи солҳои охир суръати коҳиши сатхи камбизоатӣ дар Тоҷикистон суст шуд. Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) инро дар навбати аввал ба кам шудани ҳаҷми интиқоли пул ба ҷумҳурӣ рабт медиҳанд. Ба ақидаи Уилиям Сейтз, иқтисодҷии Бонки ҷаҳонӣ, солҳои 2000-ум Тоҷикистон ба суръати баланди афзоиши иқтисодӣ (ба ҳисоби миёна тақрибан 8% дар як сол) комёб шуда, дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тайи солҳои охир суръати коҳиши сатхи камбизоатӣ дар Тоҷикистон суст шуд. Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) инро дар навбати аввал ба кам шудани ҳаҷми интиқоли пул ба ҷумҳурӣ рабт медиҳанд.

Ба ақидаи Уилиям Сейтз, иқтисодҷии Бонки ҷаҳонӣ, солҳои 2000-ум Тоҷикистон ба суръати баланди афзоиши иқтисодӣ (ба ҳисоби миёна тақрибан 8% дар як сол) комёб шуда, дар натиҷа Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ ду баробар афзоиш ёфт ва дар давоми солҳои 1999 – 2009 сатҳи камбизоатӣ қариб ду баробар паст гардид.

Аммо, қайд мекунад ӯ, дар давоми даҳсолаи минбаъда суръати коҳишдиҳии сатҳи камбизоатӣ суст шуда, дар давоми солҳои 2012 ва 2017 сатҳи камбизоатӣ тақрибан ба 7,5 фоиз поён рафт.

“Дар ҳоле ки сатҳи шуғл ва афзоиши даромади аҳолӣ ба коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуданд, беқурбшавии маблағҳои интиқолшуда соли 2014 ба нишондиҳандаҳои кишвар расонидани таъсири худро оғоз намуд.  Аз ҳамон давра инҷониб сатҳи камбизоатӣ танҳо тақрибан ба 1 фоиз дар як сол коҳиш ёфт”, – мегӯяд ӯ.

Ба қавли Сейтз, посухи оддӣ дар он аст, ки вақте ки иқтисодиёт аллакай дар категорияи сатҳи даромади болотар аз миёна ва сатҳи даромади баланд қарор дорад, суръати афзоиш маъмулан паст аст.

“Вақте ки сатҳи камбизоатӣ дар оғоз баланд аст, суръати паст кардани он маъмулан тезтар аст, аммо дар сурати нисбатан паст шудани сатҳи камбизоатӣ суръати он суст мешавад ва ин ҳолатро метавон дар Тоҷикистон мушоҳида намуд”, – навиштааст ӯ.

Иқтисодчӣ зикр мекунад, ки нақши афзоиши иқтисодӣ дар коҳишдиҳии сатҳи камбизоатӣ набояд ночиз пиндошта шавад, робита байни рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳамеша доимӣ нест.

“Ғайр аз ин, чӣ тавр афзоиши иқтисодӣ дар байни аҳолӣ тақсим мегардад бояд мавриди баррасӣ қарор дода шавад, яъне то чӣ андоза афзоиш мутавозин аст ва оё афзоиши иқтисодӣ ба қонеъ гардонидани талаботи қишри камбизоати аҳолӣ нигаронида шудааст ё не”, – ибрози назар мекунад иқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, суръати солонаи афзоиши иқтисоди ҷумҳурӣ тайи ҳашт соли охир ба ҳисоби миёна 6,9% -ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Сейтз, ҳадди ақал 50%-и аҳолии Тоҷикистон се моҳ муддати сол дар сатҳи камбизоатӣ қарор гирифта, ин ҳолат бештар зимистон ва аввали фасли баҳор – вақти паст будани сатҳи даромад ба мушоҳида мерасад.

“Дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ бо истифода аз нишондиҳандаҳои истеъмол дар хонавода арзёбӣ мегардад, ки онҳо аз манбаҳои гуногуни даромад, аз он ҷумла музди меҳнат ва интиқоли маблағҳои пулӣ вобастаанд, – навиштааст иқтисодҷӣ дар маводи таҳлилии худ. – Бо дарназардошти ҳиссаи бузурги шуғли аҳолӣ дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла хусусияти мавсимӣ доштани фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии берун аз кишвар, ноустувории назаррас дар истеъмоли хонаводаҳо ва сатҳи некӯаҳволӣ дар мавсимҳои мухталиф мушоҳида мешавад. Тақрибан 13% аҳолии Тоҷикистон дар давоми сол камбизоат боқӣ мемонанд”.

Тибқи маълумоти расмӣ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 37% дар соли 2012 то ба 29% дар соли 2017 поин рафт.

Дар маълумоти иқтисодҷӣ ҳамзамон зикр мегардад, ки яке аз омилҳои асосии паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон даромад аз ҳисоби шуғл маҳсуб ёфта, аммо дар кишвар ҳанӯз ҳам сатҳи ниҳоят пасти иштирок дар қувваи корӣ мушоҳида мешавад.

“Аз ин рӯ, арзёбии тарафҳои заифи бозори дохилии меҳнат ба монанди фароҳам овардани имкониятҳо барои бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузории пасандозҳои онҳо дар ҷойҳо ба коҳишдиҳии сатҳи камбизоатӣ таъсири бевосита хоҳад расонид”, – чунин мешуморад ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.