Валерия Мороз Тоҷикистонро дар озмуни Asia Model Festival дар Корея намояндагӣ мекунад

Валерия Мороз – зебосанам аз Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии «Чеҳраи Осиёи Миёна – 2019» («Face of Central Asia-2019»), ки 26 октябр дар Душанбе баргузор шуд, ғолиб гардид. Мақоми дуюму сеюм мутаносибан насиби Екатерина Руденко ва Камран Илесев аз Қирғизистон шуд. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба Фотима Маҳмадалиева, намоянда ва ташкилкунандаи асосии озмуни […]

Валерия Мороз – зебосанам аз Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии «Чеҳраи Осиёи Миёна – 2019» («Face of Central Asia-2019»), ки 26 октябр дар Душанбе баргузор шуд, ғолиб гардид. Мақоми дуюму сеюм мутаносибан насиби Екатерина Руденко ва Камран Илесев аз Қирғизистон шуд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба Фотима Маҳмадалиева, намоянда ва ташкилкунандаи асосии озмуни «Face of Central Asia-2019», озмун дар меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенсӣ» доир гардид ва дар он аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон намояндагон ё муаррифони либосҳо (модел) иштирок доштанд. Онҳо либосҳои омоданамудаи тарроҳон аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Кореяи Ҷанубиро муаррифӣ намуданд.

«Аъзои ҳакамон аз 15 нафар иборат буда, 4 нафари онҳо аз Кореяи Ҷанубӣ мебошанд. Ғолибони ин озмун имкони иштирок дар Фестивали моделҳои Осиёро ба даст меоранд, ки соли оянда дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад».-гуфтааст Фотима Маҳмадалиева.

Гуфта мешавад, мақсади асосии ташкили озмуни мазкур намоиши фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла либосҳои миллӣ ва зебоии табиии сокинони ин минтақа арзёбӣ мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки озмуни мазкур ҳамасола баргузор карда шуда, он имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

Гузориши тасвирии мо аз ҷараёни даври нимниҳоии озмуни байнулмилалии Face of Asia, ки дар Душанбе бо дастгирии мақомоти шаҳрдории пойтахт доир гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.