Генерали маҳкумшуда бо миқдори зиёди маводи нашъаовар дар Ӯзбекистон боздошт шудааст

Файзулло Гадоев, собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон, ки бо ҳалномаи Суди олии ҷумҳурӣ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд, аввали тобистони соли равон бо миқдори зиёди маводи нашъаовар дар Ӯзбекистон боздошт шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Муддати чандин сол […]

Файзулло Гадоев, собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон, ки бо ҳалномаи Суди олии ҷумҳурӣ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд, аввали тобистони соли равон бо миқдори зиёди маводи нашъаовар дар Ӯзбекистон боздошт шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Муддати чандин сол Файзулло Гадоев таҳти назорату коркард ва пайгирии муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор доштааст. Ӯ дар интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Ӯзбекистон даст доштааст.

“Зимни боздошт аз ӯ ба ҷуз миқдори зиёди маводи нашъаовар, ҳамчунин маблағи зиёди пулӣ низ ошкор ва мусодира шудааст”, – хабар дод манбаъ.

Пас аз боздошт хадамоти махсуси Ӯзбекистон Файзулло Гадоевро ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон месупоранд. Маҳкумшуда зодаи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарёи кишвари ҳамсоя аст.

Ёдрас мекунем, ки Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Тоҷикистон чанде қабл собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон Файзулло Гадоевро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба 28 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.