Ҳукми 28 соли зиндон ба собиқ мансабдори воломақоми ВКД

Файзулло Гадоев, собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонқнии маводи нашъаовар ба 28 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Тоҷикистон рӯзи 15 октябр ин ҳалномаро нисбати Файзулло Гадоев содир намудааст. […]

Файзулло Гадоев, собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонқнии маводи нашъаовар ба 28 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Тоҷикистон рӯзи 15 октябр ин ҳалномаро нисбати Файзулло Гадоев содир намудааст.

Гуфта мешавад, собиқ сардори Раёсат дар содир намудани ҷиноятҳо бо аломатҳои моддаҳои 200 қисми 4 бандҳои «в, д», 262 қисми 3 банди «б», 314 қисми 3, 316 қисми 3 банди «в» ва 319 қисми 4 бандҳои «в, г»  гунаҳкор дониста шуд.

Ҳамчунин мутобиқи моддаи 51 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон Файзулло Гадоев аз рутбаи «Генерал-майори милитсия» ва «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳрум карда шуд.

Ғайр аз ин, бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамаи медалу нишонҳои сарисинагии Файзулло Гадоев, ки пеш ба ӯ тақдим гардида буд, бекор карда шуданд.

Файзулло Гадоев аз соли 1982 дар мақомоти корҳои дохилӣ ба кор шурӯъ намуд. Соли 1995 дар Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД ҶТ кор карда, моҳи сентябри соли 2002 роҳбари ин Раёсат таъин мешавад. Моҳи ноябри соли 2007 “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз ин вазифа озод карда шуд.

Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷузъиёти маҳз кай ва дар кадом ҳолат боздошт шудани Гадоев маълумот дода намешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.