Садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар Индонезия

Ҳавопаймои мусофирбари  Boeing 737 мансуб ба ширкати ҳавонавардии  Lion Air баъди парвоз аз фурудгоҳи Ҷакартаи Индонезия дучори садама шуд. Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҶТ бо истинод ба Reuters дар ин робита хабар медиҳад, ҳавопаймо бо 189 мусофир ба ҳаво хеста буд ва даҳ дақиқа пас аз парвоз аз назари радарҳо ғайб зад. Гуфта […]

Asia-Plus

Ҳавопаймои мусофирбари  Boeing 737 мансуб ба ширкати ҳавонавардии  Lion Air баъди парвоз аз фурудгоҳи Ҷакартаи Индонезия дучори садама шуд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҶТ бо истинод ба Reuters дар ин робита хабар медиҳад, ҳавопаймо бо 189 мусофир ба ҳаво хеста буд ва даҳ дақиқа пас аз парвоз аз назари радарҳо ғайб зад.

Гуфта мешавад, бино ба гузориши нашрияи Straits Times ҳавопаймои Boeing 737 бо хатсайри JT-610 аз Ҷакарта ба самти шаҳри индонезии  Панкалпинанг воқеъ дар ҷазираи Банка равон шуда буд. Соати  6.20 бо вақти маҳаллӣ парвоз кард ва соати 6.33 аз назари радарҳо ғайб зад.

Ҳамчуноне иттилоъ дода мешавад, ҳавопаймо бо 189 нафар ба ҳаво хест, аз 181 мусофири он 3 нафарашон кӯдакон будаанд.

Бино ба хабари пойгоҳи иттилотии Flightradar ҳавопаймо дар баҳри наздикии соҳилҳои Ява сарнагун шуд. Сарнишинони чандин киштиҳои ин минтақа хабар доданд, ки шикастапораҳои ҳавопайморо пайдо кардаанд. Ҷустуҷӯи ҳавпаймои сарнагуншуда оғоз шудааст.

Lion Air —калонтарин ширкати ҳавопаймоии Индонезия буда, ба 126 фурудгоҳҳои азими олам парвозҳо ба роҳ мондааст.  Аммо ин ва ширкати ба он наздики Wings Air аз парвоз ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо манъ шудаанд.

Моҳи апрели соли 2013 Boeing 737-800 – и ин ширкат дар тункобҳои наздикии Денпасар ба замин нишаст ва ба ду қисм тақсим шуд. Ҳамаи 108 мусофири он зинда монда буданд.

Бино ба охирин хабари телевизиони Mash наҷотдиҳандагон дар макони суқути ҳавопаймо ба берун овардани он аз об оғоз кардаанд.  Аммо тафсири ин хабар ҳанӯз интишор наёфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.