КДАМ: Дар пойгоҳи 201-ум амали террористӣ тарҳрезӣ нашуда буд

Date:

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман изҳор дошт, ки назди комендатураи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар шаҳри Душанбе ҳеҷ амали террористӣ тарҳрезӣ нашуда буд. Қаблан дар ин бора чанде аз васоити ахбори умуми Тоҷикистон хабар дода буданд.

“Мо расман маълумотро дар бораи гӯё боздошти гурӯҳе аз исломгароён, ки назди пойгоҳи 201-ум амали террористӣ содир карданӣ будаанд, рад мекунем. Ин маълумот нодурусту носаҳеҳ аст. Мо касеро боздошт накардаем ва чунин амали террористӣ ҳам омода намешуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” тариқи телефон сардори хадамоти матбуоти КДАМ Дилшод Абдуалимов.

Дар бораи гӯё аз ҷониби тарафдорони “Давлати исломӣ” тарҳрезӣ шудани тарконидани комендатураи пойгоҳи низомии 201-ум ва мактаби русиягӣ дар Душанбе аз ҷумла субҳи имрӯз бо истинод ба як манбаи худ дар КДАМ Тоҷикистон Радиои Озодӣ хабар дод.

Бино ба ин маълумот, гурӯҳи иборат аз 12 нафар санаи 4 ноябр боздошт шудааст. “Роҳбари гурӯҳ Суҳроб ном дошта, сокини шаҳри Ваҳдат будааст. Маълум будааст, ки ӯ қаблан дар Қирғизистону Эрон қарор дошта, сипас тариқи қаламрави Туркия ба Сурия меравад ва дар он ҷо ба сафи Давлати исломӣ мепайвандад”, – навишта буд нашрия бо истинод ба манбаи худ.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз пойгоҳи низомии 201-ум хабар доданд, хизматчиёни ҳарбӣ тибқи реҷаи муқаррарӣ хизматро адо намуда, ҳеҷ реҷаи пурзӯри равуо ҷорӣ нашудааст ва дар бораи тарҳрезии амали террористӣ дар ин ҷо чизе нашунидаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...