КДАМ: Дар пойгоҳи 201-ум амали террористӣ тарҳрезӣ нашуда буд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман изҳор дошт, ки назди комендатураи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар шаҳри Душанбе ҳеҷ амали террористӣ тарҳрезӣ нашуда буд. Қаблан дар ин бора чанде аз васоити ахбори умуми Тоҷикистон хабар дода буданд. “Мо расман маълумотро дар бораи гӯё боздошти гурӯҳе аз исломгароён, ки назди пойгоҳи 201-ум амали террористӣ содир карданӣ […]

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман изҳор дошт, ки назди комендатураи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар шаҳри Душанбе ҳеҷ амали террористӣ тарҳрезӣ нашуда буд. Қаблан дар ин бора чанде аз васоити ахбори умуми Тоҷикистон хабар дода буданд.

“Мо расман маълумотро дар бораи гӯё боздошти гурӯҳе аз исломгароён, ки назди пойгоҳи 201-ум амали террористӣ содир карданӣ будаанд, рад мекунем. Ин маълумот нодурусту носаҳеҳ аст. Мо касеро боздошт накардаем ва чунин амали террористӣ ҳам омода намешуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” тариқи телефон сардори хадамоти матбуоти КДАМ Дилшод Абдуалимов.

Дар бораи гӯё аз ҷониби тарафдорони “Давлати исломӣ” тарҳрезӣ шудани тарконидани комендатураи пойгоҳи низомии 201-ум ва мактаби русиягӣ дар Душанбе аз ҷумла субҳи имрӯз бо истинод ба як манбаи худ дар КДАМ Тоҷикистон Радиои Озодӣ хабар дод.

Бино ба ин маълумот, гурӯҳи иборат аз 12 нафар санаи 4 ноябр боздошт шудааст. “Роҳбари гурӯҳ Суҳроб ном дошта, сокини шаҳри Ваҳдат будааст. Маълум будааст, ки ӯ қаблан дар Қирғизистону Эрон қарор дошта, сипас тариқи қаламрави Туркия ба Сурия меравад ва дар он ҷо ба сафи Давлати исломӣ мепайвандад”, – навишта буд нашрия бо истинод ба манбаи худ.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз пойгоҳи низомии 201-ум хабар доданд, хизматчиёни ҳарбӣ тибқи реҷаи муқаррарӣ хизматро адо намуда, ҳеҷ реҷаи пурзӯри равуо ҷорӣ нашудааст ва дар бораи тарҳрезии амали террористӣ дар ин ҷо чизе нашунидаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...