Ҳалокати 2 кас бар асари садамаи нақлиёт дар ҷануб

Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ду нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 12 ноябр ронандаи автомашинаи Opel Vectra зимни ҳаракат дар роҳи байни ноҳияҳои Ёвон ва Ҷомӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду пиёдагардро пахш мекунад, ки Маҳмадулло Сиддиқови 57-сола ва Мирзоалӣ Файзуллоеви […]

Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 12 ноябр ронандаи автомашинаи Opel Vectra зимни ҳаракат дар роҳи байни ноҳияҳои Ёвон ва Ҷомӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду пиёдагардро пахш мекунад, ки Маҳмадулло Сиддиқови 57-сола ва Мирзоалӣ Файзуллоеви 36-сола аз ҷароҳатҳои гирифта дар бемористони маҳаллӣ ҳалок шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳамаи ҳолатҳои вобаста ба ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Бино ба маълумоти расмӣ, давоми солҳои 2017-2018 дар роҳҳои кишвар 2300 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 721 нафар ҳалок ва 2370 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.