Машқҳои бонувони муштзани тоҷик дар Ҳиндустон бо ниқоб

Санаи 15 ноябр дар Ҳиндустон мусобиқаи Чемпионати 10-уми ҷаҳон оид ба бокс (муштзанӣ) байни занон оғоз мегардад. Тоҷикистонро дар он се нафар варзишгарзанон – Мижгона Самадова (-57кг), Шоира Зулқайнарова (-60кг) ва Гулмира Исроилова (-75кг) намояндагӣ мекунанд. Дар мусобиқаи Чемпионати 10-уми ҷаҳон оид ба бокс (муштзанӣ) байни занон 350 нафар варзишгарон аз 73 кишвари саросари дунё […]

Cайфиддин Қараев

Санаи 15 ноябр дар Ҳиндустон мусобиқаи Чемпионати 10-уми ҷаҳон оид ба бокс (муштзанӣ) байни занон оғоз мегардад.

Тоҷикистонро дар он се нафар варзишгарзанон – Мижгона Самадова (-57кг), Шоира Зулқайнарова (-60кг) ва Гулмира Исроилова (-75кг) намояндагӣ мекунанд.

Дар мусобиқаи Чемпионати 10-уми ҷаҳон оид ба бокс (муштзанӣ) байни занон 350 нафар варзишгарон аз 73 кишвари саросари дунё ширкат варзида, барои ба даст оврадани 10 маҷмӯи медалҳо рақобатҳо сурат мегиранд. Мусобиқа дар Ню-Дели баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тавре Reuters хабар медиҳад, иштирокчиёни мусобиқа аз шароитҳои баргузории машқҳо шикоят кардаанд, ки ин ба хеле зиёд ифлосии обуҳаво дар пойтахти Ҳиндустон вобаста аст.

Ба ҳолати 13 ноябр таркиби маводи заҳрнок (токсикӣ) дар ҳаво аз меъёрҳои иҷозашуда ҳашт маротиба бештар мебошад. Бо вуҷуди кӯшишҳои зиёди паст кардани таркиби тумани чангу ғуборолуди зарарнок, аз ҷумла мутаваққиф кардани корҳои сохтмон дар шаҳр ва маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт, баргузории чемпионат то ҳол зери хатари даст кашидан аз он аст.

Гуфта мешавад, барои ҳимоя аз ҳавои заҳрнок ба варзишгарзанон тавсия медиҳанд, ки ниқобҳои ҷарроҳиро ба рӯяшон кашанд ва қисмати поёнии рӯйро бо гарданбанд (шарф) маҳкам кунанд, вале баъдан онҳо аз дард дар чашмонашон шикоят мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз ҳад зиёд ифлос будани обуҳаво дар шаҳр ба партовҳои истеҳсолӣ ва сӯзонидани боқимондаҳо баъди ҷамъоварии ҳосил марбут аст. Ню-Дели яке аз шаҳрҳои ифлостарин дар сайёра дониста мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.