Дуздии 150 кило гӯшти гов аз як дӯкони Душанбе

Ба гумони даст доштан дар дуздӣ як сокини 18-солаи шаҳри Душанбе боздошт шуда, вале дар бораи чӣ гуна ба ин кор муяссар шудани ӯ маълумот дода намешавад. Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини 41-солаи пойтахт бо далели содир шудани дуздӣ ба Шуъбаи ВКД Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат мекунад. Бино ба иттилои манбаъ, […]

Ба гумони даст доштан дар дуздӣ як сокини 18-солаи шаҳри Душанбе боздошт шуда, вале дар бораи чӣ гуна ба ин кор муяссар шудани ӯ маълумот дода намешавад.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини 41-солаи пойтахт бо далели содир шудани дуздӣ ба Шуъбаи ВКД Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат мекунад.

Бино ба иттилои манбаъ, ӯ изҳор мекунад, ки тахминан соати 12:00-дақиқаи рӯзи 13 ноябр шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дукони гуштфурӯшиаш, воқеъ дар кӯчаи Меҳнат 150-кг гӯшти говро, ки арзиши умумиашон 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини кӯчаи Саҳбои пойтахтро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.