Президент бинокорони Роғунро бо мукофотҳо қадрдонӣ кард

Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супорид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарвари давлат изҳор намуд, ки Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иншооти муҳиму стратегии кишвар ба […]

Asia-Plus

Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супорид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарвари давлат изҳор намуд, ки Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иншооти муҳиму стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, аз ин ру роҳбарияти олии кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург дар қаламрави кишварамон ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.

Гуфта мешавад, барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” 2 нафар бо Ордени “Шараф дараҷаи 2”, 53 нафар бо Медали “Хизмати шоиста” ва 48 нафар бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боиси таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони мамлакат мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.