Бо нархи пасттар аз бозор: ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе

Рӯзҳои 16-17 ноябр дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд. Мувофиқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, ин ярмаркаҳо бо мақсади фаровонии маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинони шаҳр гузаронида мешаванд. Ярмаркаҳо аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ташкил карда мешаванд. Ҳамин тариқ, маҳсулоти деҳқонони Хатлон ва навоҳии […]

Рӯзҳои 16-17 ноябр дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, ин ярмаркаҳо бо мақсади фаровонии маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинони шаҳр гузаронида мешаванд.

Ярмаркаҳо аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ташкил карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, маҳсулоти деҳқонони Хатлон ва навоҳии тобеи марказ дар бозори “Саховат” ва ҳосили кишоварзони Суғду Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав дар бозори “Меҳргон” ба фурӯш гузошта мешаванд.

Дар майдони собиқ бозори Қарияи Боло метавон аз маҳсулоти кишоварзони Файзобод, Лахш ва Ваҳдат харидорӣ намуда, дар бозори “Ховарон” ярмаркаи фурӯши маҳсулоти деҳқонони Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар ин ярмаркаҳо нархи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба нархи бозорҳо нисбатан пастттар аст.

Ёдрас мекунем, ки 17 ноябр дар Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати авали нерӯгоҳи Роғун ҷашн гирифта мешавад, ки санаи 16 ноябр бо ҳузури Сарвари давлат ба истифода дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.