Нокомии Шоира дар қувваозмоии роҳёбӣ ба даври нимфиналии мусобиқаи ҷаҳонии бокс

Муштзани маъруфи кишвар Шоира Зулқайнароваи 23-сола дар қувваозмоии роҳ ёфтан ба даври нимфиналии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Деҳлӣ (Ҳиндустон) ҷараён дорад, ба шикаст дучор гардид, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон. Шоми рӯзи 20 ноябр, дар рақобати даври чорякфиналӣ Шоира қувваозмоиро дар вазни […]

Asia-Plus

Муштзани маъруфи кишвар Шоира Зулқайнароваи 23-сола дар қувваозмоии роҳ ёфтан ба даври нимфиналии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Деҳлӣ (Ҳиндустон) ҷараён дорад, ба шикаст дучор гардид, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон.

Шоми рӯзи 20 ноябр, дар рақобати даври чорякфиналӣ Шоира қувваозмоиро дар вазни то 64 кило бар варзишгарзани Чин Доу Дан бо ҳисоби 0 бар 5 бохт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 64кг Шоира бар варзишгари Пуэрто Рико Стефан Ақуино бо ҳисоби 5:0 ва бар намояндаи Чех Мартина Сморанзова бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Гуфта мешавад, ду варзишгари дигари кишвар дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд: Миҷгона Самадова дар вазни -57кг аз варзишгари Кореяи Шимолӣ Ҷо Сун Ҳуа ва Гулмира Исроилова дар вазни -81кг аз намояндаи Белорус Викториа Кабикова.  

Зикр мегардад, ки Чемпионати ҷаҳон миёни бонувон 15 ноябр дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон оғоз гардида, то 24 ноябр идома меёбад. Дар чемпионат ҳудуди 350 варзишгардухтари ин намуди варзиш аз 73 давлати ҷаҳон ширкат доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.