Созиши Тоҷикистону Қирғизистон доир ба тақвияти муборизаи муштарак зидди маводи нашъаовар

Ҳайати расмии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилии ин кишвар Ҷунушалиев Кашкар Астаканович санаи 29 ноябр бо мақсади анҷом додани мулоқоти корӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ташриф оварданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, дар рафти мулоқот тарафҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи назорати маводи нашъаовар баррасӣ намуда, бо […]

Asia-Plus

Ҳайати расмии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилии ин кишвар Ҷунушалиев Кашкар Астаканович санаи 29 ноябр бо мақсади анҷом додани мулоқоти корӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ташриф оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, дар рафти мулоқот тарафҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи назорати маводи нашъаовар баррасӣ намуда, бо мақсади тақвият ва густариши ҳамкориҳои судманд дар ин самт, оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо созишномаи дуҷониба ба имзо расониданд.

Гуфта мешавад, мақсад аз баимзорасонии Созишномаи мазкур боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар хотимаи мулоқот тарафҳо иброз намуданд, ки танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ, метавонанд бар зидди хатарҳои замони муосир, аз қабили муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор мубориза бурда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.