Мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ дар Петербург

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок мекунад. Нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ санаи 6 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардида, дар он аз раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод дар соли 2018 натиҷагирӣ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” […]

Аваз Юлдошев

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок мекунад.

Нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ санаи 6 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардида, дар он аз раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод дар соли 2018 натиҷагирӣ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ғайр аз ин, дар нишасти ғайрирасмӣ сарони кишварҳо самтҳои асосии фаъолияти Иттиҳодро дар соли оянда муайян мекунанд.

Дар навбати худ, дар нишасти СААД дар Санкт-Петербург масоили бештар муҳими рӯзмарраи минтақавӣ ва байнулмилалӣ баррасӣ мешаванд, хабар дод манбаъ.

Тавре ВАО-и Русия менависанд, дар вохӯрии Петербург сарони кишварҳои узви СААД доир ба таъини дабири кулли нави Созмон ба хулосаи ниҳоӣ мерасанд. Дар ин бора қаблан президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба журналистон изҳри назар кард, хабар медиҳад Интерфакс.

Қобили зикр аст, ки қаблан Русия ба Ӯзбекистон пешниҳод намуд, ки ба Шӯрои нозирони Ассамблеяи парлумонии СААД шомил гардад.

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 пас аз имзои санади дахлдор дар Тошканд дар ин хусус таъсис дода шуд. Айни ҳамон ба ҳайати он Русия, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон шомиланд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.