Савгандёдкунии милисаҳои ӯзбек бо Қуръон дар мавриди худдорӣ аз порагирӣ ва тамаъҷӯӣ

Кормандони мақомоти интизомии вилояти Тошканди Ӯзбекистон бо Қуръон савганд ёд карданд, ки пора намегиранд ва тамаъҷӯӣ намекунанд. Аксе, ки лаҳзаи маросими "савгандёдкунӣ"-и як корманди милисаи ноҳияи Юкоричирчикро сабт кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ. Гуфта мешавад, дар ин робиата як манбаъ қайд кардааст, ки ин маросим дар ҳузури сархатиби ноҳия […]

Asia-Plus

Кормандони мақомоти интизомии вилояти Тошканди Ӯзбекистон бо Қуръон савганд ёд карданд, ки пора намегиранд ва тамаъҷӯӣ намекунанд.

Аксе, ки лаҳзаи маросими "савгандёдкунӣ"-и як корманди милисаи ноҳияи Юкоричирчикро сабт кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ.

Гуфта мешавад, дар ин робиата як манбаъ қайд кардааст, ки ин маросим дар ҳузури сархатиби ноҳия барпо шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар доданд, ки маросими савгандёдкунии кормандони милиса дар доираи барномаи мубориза бо фасодкорӣ роҳандозӣ шудааст.

Ёдрас мешавад, ки миёнаҳои моҳи ноябри имсол дар бархе аз вилоятҳои Ӯзбекистон кишоварзон низ ба ҳамин тартиб савганд ёд карда буданд. Онҳо савганд хӯрданд, ки ба касбашон содиқ мемонанд, барои рушди кишвар саҳм мегузоранд ва фасодкорӣ намекунанд. Ба ҷуз аз кишоварзон табибон ҳам чунин савганд хӯрда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.