Ҳукми 18 соли зиндон ба модаркалоне, ки набераашро зинда зери хоку лой гӯронид

Суди вилояти Хатлон нисбати зани 58-сола Ҳоҷарой Ашӯрова ҳукм содир намуд: ӯ дар барқасдона куштани набераи 3-солаи худ Беҳрӯзҷон айбдор дониста шуд. Зан ба 18 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз суди вилоят. Қобили зикр аст, ки айбдоркунандаи давлати қаблан аз суд дархост намуда буд, ки Ҳоҷарой Ашӯрова ба 20 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Суди вилояти Хатлон нисбати зани 58-сола Ҳоҷарой Ашӯрова ҳукм содир намуд: ӯ дар барқасдона куштани набераи 3-солаи худ Беҳрӯзҷон айбдор дониста шуд. Зан ба 18 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз суди вилоят.

Қобили зикр аст, ки айбдоркунандаи давлати қаблан аз суд дархост намуда буд, ки Ҳоҷарой Ашӯрова ба 20 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Дар сухани охирини худ дар мурофиаи судӣ зан изҳор намуд, ки набераи сесолаи ӯ қурбони муноқишаву ҷанҷоли доимии ӯ бо модари кӯдак шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон дар ин робита иттилоъ дод, Ҳоҷарой Ашӯрова ба гуноҳаш дар куштори набера иқрор шуда, аз хешу ақрабо ва наздиконаш узр пурсидааст.

Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки Ҳоҷарой Ашӯроваи 58-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 12 сентябр набераашро зинда ба зинда таги хоку лой намудааст, ки дар натиҷа кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расидааст. Ҷасади кӯдак баъди 6 рӯз дарёфт шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.