Волидон ба омӯзиши асосҳои гигиенаи шахсӣ ва санитария ба фарзандон уҳдадор мешаванд

Як гурӯҳи вакилони парлумони Тоқикистон бо ташаббуси ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд” изҳори назар карданд. Мувофиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, падару модарон ба омӯзиши фарзандони худ дар мавриди пешгирии бемориҳои сироятӣ уҳдадор мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз ташабускорони тағйироту иловаҳо, вакили палатаи поёнии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Як гурӯҳи вакилони парлумони Тоқикистон бо ташаббуси ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд” изҳори назар карданд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, падару модарон ба омӯзиши фарзандони худ дар мавриди пешгирии бемориҳои сироятӣ уҳдадор мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” яке аз ташабускорони тағйироту иловаҳо, вакили палатаи поёнии парлумон Дилрабо Мансурӣ хабар дод.

“Ғайр аз ин, онҳо уҳдадор мешаванд, ки ба фарзандони худ дар бораи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги санитария ва фарҳанги рафтор дар ҷойҳои чамъиятӣ зимни муносибат низ маълумоти кофӣ диҳанд”, – қайд кард вакил.

Тибқи тағйироту иловаҳо, волидон ҳамчунин уҳдадор мешаванд, ки ба фарзандони худ дар мавриди бемориҳое чун нашъамандӣ, майпарастӣ, ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД), вобастагӣ ба маводи нашъаовар низ маълумоти зарурӣ диҳанд.

Ёдрас мекунем, ки расо 8 сол пеш, 14 декабри соли 2010 бо ташаббуси президенти Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд”  ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд. Санаи 2 августи соли 2011 қонун мавриди амал қарор гирифт.

Бино ба маълумоти омории ВКД, соли 2017 дар Тоҷикистон барои риоя накардани меъёрҳои қонуни мазкур нисбати волидон қариб 16 ҳазор санади маъмурӣ тартиб дода шуд. Барои рафтору кирдори ношоистаи фарзандон, волидонро лозим омад, ки ба маблағи умумии 1,3 млн. сомонӣ ҷарима пардохт кунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио