Тоҷикистонӣ ба нафақахӯрони Барнаул бепул нон тақсим мекунад

Date:

Фарид Мадолимов, соҳиби мағозаи хӯрокворӣ дар ноҳияи Индустриалии шаҳри Барнаул ҳар рӯзи ҷумъа ба солхӯрдаҳои шаҳр нони бепул пешниҳод мекунад.

Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, гуруҳи нафақахӯрони Барнаул дар посух ба ин иқдоми хайри соҳибкори тоҷикистонӣ, бо як номаи дастаҷамъӣ тариқи нашрияи “Алтайская правда” ба Фарид Мадолимов миннатдорӣ кардаанд.

Дар пайи дарёфти нома, рӯзноманигорон қазияро пайгирӣ карда, аз қавли афроди солхӯрдаи шаҳр зери унвони “Наш Фариддунчик” дар бораи Фарид Мадолимов матлаб нашр намудаанд.

Фариддин, ё худ Фарид Мадолимови 30-сола, ки аз Суғд ба Барнаул муҳоҷир шудааст, ин иқдоми хайрашро анъанаи миллии ғамхорӣ дар ҳаққи солхӯрдаҳо унвон кардааст. Ӯ афзудааст, ки ҷумъа барои мусалмон рӯзи махсус аст ва ӯ эҳсонкориро бо додани нон ба бознишастаҳо пеш гирифта, одати падару бобоёнашро дар муҳоҷират низ идома дода истодааст.

Фарид бо ҳамсараш Фариза дар Барнаул иқомат дошта, ду фарзанди хурдсолро тарбия мекунанд.

Варвара Беседина, як сокини солхӯрдаи маҳаллӣ Фаридро намунаи ибрат барои ҷавонони дигар хонда, таъкид намудааст, ки чунин таваҷҷуҳ ба солхӯрдаҳо қобили таҳсин аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...