Тамошои дастаҷамъонаи филм дар бораи Эмомалӣ Раҳмон

Date:

Филми мустанад таҳти унвони “Марди роҳ” дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 19 декабр дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар намоиш дода мешавад.

Ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” роҳандозӣ шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ, мақсад аз намоиши филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар, махсусан эҳтиром ва варҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои хастанопазири Президенти Тоҷикистон мебошад.

“Тамошои дастаҷамъонаи филми мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҷалби намояндагони аҳли зиё ва доираи васеи ҷавонон ба нақша гирифта шуда, дар шаҳри Душанбе филми мазкур дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба намоиш гузошта мешавад”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, инчунин бо ҷалби 700 нафар кормандони ҷавони вазорату идораҳо намоиши филм дар толори маркази “Вефа” ташкил ва баргузор карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки пас аз намоиши филми мазкур аз ҷониби аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллатем”-и Кумита бо тақсим намудани нишони сарисинагӣ, ки дар он акси Пешвои муаззами миллат таҷҷасум ёфтаас, таҳти унвони “Бо Президентам ифтихор мекунам”, “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, “Мо Шуморо дӯст медорем – Пешвои миллат” аксияҳои тарғиботӣ баргузор мегардад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...