Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон доир ба ивази се сараудитори Палатаи ҳисоб

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз вазифаҳо озод кардани сараудиторони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Муҳаммадалӣ Самизода, Назаралӣ Файзализода ва Акрам Кучакшозода, ба палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод ирсол намуд. Ҳамаи шахсони дар боло зикргардида бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз мансабҳои ишғолкардаашон озод карда мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Палатаи ҳисоби […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз вазифаҳо озод кардани сараудиторони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Муҳаммадалӣ Самизода, Назаралӣ Файзализода ва Акрам Кучакшозода, ба палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод ирсол намуд.

Ҳамаи шахсони дар боло зикргардида бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз мансабҳои ишғолкардаашон озод карда мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Палатаи ҳисоби Тоҷикистон.

Ҳамзамон президент ба парлумон пешниҳод кардааст, ки Рустами Алиаҳмадиён ва Ромиши Давроншоҳиён, ки айни замон ба сифати сардорони раёсатҳои Палати ҳисоб фаъолият доранд, сараудиторони Палата таъин карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мақоми олии назорати молиявии ҷумҳурӣ мебошад, ки аудити мустақили берунаро оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ анҷом дода, ҷиҳати такмили он пешниҳод омода месозад.

Ваколати Палатаи ҳисоб вобаста ба гузаронидани аудити мустақили беруна ба тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.

Ҳадаф аз баргузории санҷишҳои Палатаи ҳисоб арзёбии мувофиқати истифодабарии захираҳои давлатии буҷетӣ ва захираҳои дигар ба қонунгузории Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар мебошад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 257 баробар афзуд

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.