Марзбонони гунаҳкор ба садамаи нақлиёти марговар дар Хоруғ дар ҳабс боқӣ мемонанд

Нисбати ду афсари Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, ки бо иштироки онҳо рӯзи 1 декабр дар шаҳри Хоруғ садамаи нақлиёти марговар рух дод, мутобиқи моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Дар ин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нисбати ду афсари Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, ки бо иштироки онҳо рӯзи 1 декабр дар шаҳри Хоруғ садамаи нақлиёти марговар рух дод, мутобиқи моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз прокуратураи гарнизони Хоруғ хабар дод.

Ҳарду афсар дарҳол пас аз рух додани садамаи налиёт боздошт шуда, айни замон дар ҳабс қарор доранд.

Манбаъ аз эҳтимол дур намедонад, ки ба онҳо мутобиқи дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ низ айбнома пешниҳод шавад.

“Вобаста ба ин далел ташхисҳои сершумор гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаҳои он метавон саҳеҳ гуфт, ки ба афсарон боз кадом айбномаҳо пешниҳод шуда метавонанд”, – изҳор дошт манбаъ.

Дар моддаи 21, қисм 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъоляти муайян ба муҳлати то 5  сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи садамаи нақлиёт, ки рӯзи 1 декабр дар мавзеи НБО Помир-1, дар деҳаи Нивак рух дод, ду нафар, аз ҷумла зани ҳомиладор ба ҳалокат расида, боз ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.