Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Индонезия ҳамдардӣ изҳор намуд

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фавти шумори зиёди одамон бар асари офати табиӣ дар Индонезия ба президенти ин кишвар Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки "хабари рух додани офатҳои табиӣ дар минтақаҳои ғарбии Индонезия, ки боиси ҳалокату маҷруҳ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, моро сахт андӯҳгин намуд”.

“Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон бирасонед. Ба ҳамаи маҷрӯҳшудагон шифои комил орзумандам», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи зарбаи шадиди сунами ба соҳилҳо аз уқёнуси Ҳинд беш аз 300 нафар ҳалок ва зиёда аз 1 ҳазор нафар осеб дида, ин офат ба хисороти зиёди молӣ боис гардид.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...