Ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатии Афғонистон ҳамла карданд

Дар натиҷаи як ҳамла рӯзи 24 декабр ба бинои ҳукуматӣ дар шарқи шаҳри Кобул 29 кас ҷон бохта, дасти кам 23 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳудуди 300 кас, ки ҳангоми ҳамла дар дохили бино ҳузур доштанд, наҷот дода шудаанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар биное, ки ба он ҳамла шуд, Вазорати кори […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар натиҷаи як ҳамла рӯзи 24 декабр ба бинои ҳукуматӣ дар шарқи шаҳри Кобул 29 кас ҷон бохта, дасти кам 23 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳудуди 300 кас, ки ҳангоми ҳамла дар дохили бино ҳузур доштанд, наҷот дода шудаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар биное, ки ба он ҳамла шуд, Вазорати кори Афғонистон ва чанд идораи давлатӣ ҷойгиранд. Се тани ҳамлагарон дар натиҷаи задухӯрд ва чаҳор тани дигар ҳангоми таркиши мошин ҷон бохтанд. Намояндаи Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, чанд асири дигар дар дасти гаравгирон боқӣ монда, амалиёти озодсозии онҳо идома дорад.

Шоҳидон гуфтаанд, гурӯҳи ҷангҷӯён нахуст як мошини ҳомили бомбаро тарконда, баъдан ба бино ҳамла карданд. Ягон гуруҳи зиддиҳукуматии Афғонистон то ҳол масъулияти ҳамларо бар зимма нагирифтаанд.

​Гуфта мешавад, ҳамлаи мусаллаҳонаи 24 декабр 22-умин ҳодисаи хунини Кобул аз моҳи январи соли равон ба ин сӯ аст. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо беш аз 500 кас ҷон дода, зиёда аз ҳазор нафари дигар захмӣ шуданд.

Зикр мегардад, ки намояндаи ИМА санами 20 декабр тасмими президенти ин кишвар Доналд Трампро барои ихроҷи 5 ҳазор низомии амрикоӣ аз Афғонистон расман эълом кард. Ин хабар пас аз он нашр шуд, ки Трамп гуфт, ду ҳазор низомии кишвараш Сурияро тарк мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.