Рустами Эмомалӣ ба кӯдакон “Шаҳри орзуҳо” туҳфа кард

Date:

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон таҳти унвони "Шаҳри орзуҳо" барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ  доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар он наздики 2000 кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, таълимгирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакон иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, барномаи идонаро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии раиси пойтахт Рустами Эмомалиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2019 ба унвони тамоми кӯдакони пойтахт расонд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар идома, барномаи рангини солинавӣ таҳти унвони  «Шаҳри орзуҳо», ки аз ду қисми асосӣ –   намоиши театрикунонидашуда ва базми солинавӣ, ки аз  суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин дар васфи «Тоҷикистон», «Шаҳри орзуҳо – Душанбе», «Соли нав», «Соли Хубон» ва ғайра иборат буд, пешниҳоди иштирокчиён карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар баробари ин, шодию хурсандии иштирокчиён ва ҳунармандони хурдсоли чорабиниро туҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ ба ҳамаи иштирокчиён тақдим карда шуданд, дучанд гардонид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...