Дар марз бо Қирғизистон дидбонгоҳ ва гузаргоҳи нав сохта шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи ду иншооти муҳими стратегӣ – Дидбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло» ва гузаргоҳи сарҳадии «Сурх» ширкат варзид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода якҷоя бо сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-майор Назар Аслам Тӯра ва роҳбарияти шаҳри Исфара бо буридани […]

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи ду иншооти муҳими стратегӣ – Дидбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло» ва гузаргоҳи сарҳадии «Сурх» ширкат варзид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода якҷоя бо сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-майор Назар Аслам Тӯра ва роҳбарияти шаҳри Исфара бо буридани лентаи рамзӣ ин иншооти муҳимро мавриди истифодаи сарҳадбонон қарор доданд.

Зикр карда шуд, ки бунёди иншооти мазкур нишони таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумат нисбати ҳомиёни Ватан, аз ҷумла хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад.

Гуфта мешавад, дидбонгоҳи сарҳадии "Хоҷаи Аъло" дорои хобгоҳ, ошхона ва дигар инфрасохтори зарурии низомию хоҷагидорӣ буда, дар шафати он бинои истиқоматӣ, иборат аз хонаҳои 2 ҳуҷрадор барои 4 оилаи афсарон низ бунёд гардидааст.

Дидбонгоҳро тибқи фармоиши Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд сохтмончиёни ширкати сохтмонии «Исфара» бунёд намудаанд, ки арзиши лоиҳавии он 5 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба ифтихори ифтитоҳёбии иншоот аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Исфара, ки барои вусъати корҳои бунёдии иншооти низ мусоидати муассир дорад, барои сарбозону афсарон дастурхони идона густурда шуда, барномаи фарҳангӣ манзури онҳо карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин рӯз ҳамчунон гузаргоҳи сарҳадии «Сурх»-ро ифтитоҳ бахшид. Фармоишгари ин иншоот низ Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд буда, арзиши корҳои анҷомдодашуда 1 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.