Туҳфаҳои солинавии Президент ба сарбозону афсарони артиши миллӣ

Ба тамоми ҳайати шахсии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, посгоҳ, комендатура ва дастаҳои сарҳадбонии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, оилаҳои сарбозону афсарони сарҳадбонони фавтида ҳангоми адои қарзи ҳарбӣ аз номи президенти ҷумҳурӣ, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои солинавӣ тақдим шуданд. “Барои оростани дастурхони идонаи сарҳабонон президенти Тоҷикистон беш аз 200 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ фиристод”, – хабар дод […]

Ба тамоми ҳайати шахсии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, посгоҳ, комендатура ва дастаҳои сарҳадбонии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, оилаҳои сарбозону афсарони сарҳадбонони фавтида ҳангоми адои қарзи ҳарбӣ аз номи президенти ҷумҳурӣ, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои солинавӣ тақдим шуданд.

“Барои оростани дастурхони идонаи сарҳабонон президенти Тоҷикистон беш аз 200 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ фиристод”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, подполковник Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Ғайр аз ин, ба оилаҳои сарҳадбонони фавтида ҳангоми ҳимояи марзи Тоҷикистон 10 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва сарулибоси зимистона фиристода шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, ба тамоми ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ, толибилмон (курсантҳо)-и муассисаҳои таълимии Вазорати мудофиа, оилаҳои сарбозону афсарони фавтида зимни иҷрои қарзи ҳарбӣ низ аз номи Сарвари давлат туҳфаҳо фиристода шудааст.

Танҳо ба сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон президенти ҷумҳурӣ ба сифати туҳфа беш аз 300 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ, сабзавоту мева ва маснӯоти қаннодиву шириниҳо тақдим намуд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.