Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳамдигарро бо фарорасии Соли нав табрик карданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 29 декабр бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои дӯстонаи барои муносибатҳои мутақобилаи ҷонибҳо хос сурат гирифт, сарони давлатҳо ба муносибати Соли нави 2019 табодули табрикот ва таманниёти нек намуданд. Гуфта мешавад, Пешвои […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 29 декабр бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои дӯстонаи барои муносибатҳои мутақобилаи ҷонибҳо хос сурат гирифт, сарони давлатҳо ба муносибати Соли нави 2019 табодули табрикот ва таманниёти нек намуданд.

Гуфта мешавад, Пешвои миллат ба мардуми дӯсти Россия дар фарорасии соли нав сулҳ, бурдборӣ ва шукуфоии минбаъда таманно намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси шахсии Владимир Путинро дар рушду таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ зикр намуд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти муштараки минбаъдаи мақсаддор дар самти таҳкими он ба манфиатҳои бунёдии халқҳои ҳарду кишвар ҷавобгӯ буда, омили муҳими суботу амният дар минтақа мебошад.

Ҷонибҳо доир ба минбаъд низ нигоҳ доштани ҷараёни баланди рушди ҳамгироии Тоҷикистону Россия дар ҳама ҷанбаҳои ҳамкорӣ ибрози андеша намуданд. 

Ҷонибҳо доир ба як қатор масъалаҳои муҳими дорои хусусияти дуҷониба ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.