Аризаи 2300 хонавода аз Тоҷикистон дар бораи кӯчидан ба Русия

Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар ёздаҳ моҳи имсол 2300 хонавода аз Тоҷикистон дар бораи кӯчидан ба Русия ариза додаанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вале онҳо аз он нигаронӣ кардаанд, ки бисёре аз сокинон баъди дарёфти шаҳрвандии Русия ба он кишвар нарафта, балки ба зиндагии худ дар Тоҷикистон идома медиҳанд. Владимир Маркевич, раиси […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар ёздаҳ моҳи имсол 2300 хонавода аз Тоҷикистон дар бораи кӯчидан ба Русия ариза додаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вале онҳо аз он нигаронӣ кардаанд, ки бисёре аз сокинон баъди дарёфти шаҳрвандии Русия ба он кишвар нарафта, балки ба зиндагии худ дар Тоҷикистон идома медиҳанд.

Владимир Маркевич, раиси намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон, рӯзи 25-уми декабр дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфтааст, шумораи талабгорони кӯчидан ба Русия то охири имсол ба тақрибан дуним ҳазор хонавода хоҳад расид. Оҷонсии “Интерфакс” ба нақл аз Маркевич навишт, сокинон асосан аз тариқи дар барномаи давлатии “Переселение” ба Русия рафтан мехоҳанд.

“Имсол аз Тоҷикистон ба Русия бар асоси барномаи “Переселение” тахминан 1300 оила, иборат аз 5500 нафар, кӯч бастааст. Соли 2017 аз Тоҷикистон бар асоси ин барнома 1200 оила ва соли 2016 – 820 оила кӯчидааст. Ин шумор дар ҳоли афзоиш аст”, – гуфтааст Маркевич.

Ба иттилои ӯ, онҳое, ки бар асоси барномаи “Переселение” мекӯчанд, ба минтақаҳои мавриди назари ҳукумати Русия сафарбар мешаванд. Барои кӯчидану шурӯи зиндагӣ дар ҷои нав ҳукумати Русия ба ҳар аризадиҳанда 250 ҳазор рублӣ ва барои ҳар сари узви оила 120 ҳазор рублӣ медиҳад. “Ҳоло масъалаи афзоиши маблағ баррасӣ мешавад”, – гуфтааст Маркевич.

Бар асоси ҳисобҳои оморӣ, дар тӯли солҳои истиқлолият, беш аз 300 ҳазор сокини Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд.

Дар нишасти матбуотии масъули ВКД-и Русия оид ба муҳоҷират, бештар аз он интиқод шудааст, ки бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон баъди гирифтани шаҳрвандии Русия “аз кӯчидан ба ин кишвар шитоб намекунанд” ва дар Тоҷикистон зиндагиро идома медиҳанд.

Маркевич гуфт, “мутаассифона, як дархости аризадиҳандаҳо барои иштирок дар ин барномаи давлатӣ бо ҳадафҳои ниҳоии онҳо мувофиқат намекунад. Бисёре аз онҳое, ки ба мо муроҷиат мекунанд, бо назардошти осонтар будани гирифтани шаҳрвандӣ аз рӯи барнома, соҳиби шаҳрвандӣ мешаванд, вале ба Русия намекӯчанд. Ҳадаф маълум аст: шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки бидуни гирифтани патент, пардохти андоз, халос шудан аз дардисарҳои ходимони ҳифзи қонун ба сар баранд.”

Ҳукумати Русия тавассути барномаҳои кӯч додани собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ ва тақдими шаҳрвандӣ, ҳадаф дорад масоили демографиву иқтисодии худро ҳал кунад.

Барномаи давлатии “Переселение” аз соли 2007 ба ин сӯ амал мекунад ва дар 11 соли фаъолияташ, бино ба иттилои расмии мақомоти Русия, 800 ҳазор нафар аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ тавонистанд шаҳрвандии ин кишварро қабул кунанд.

Бархе соҳибназарон мегӯянд, дар солҳои охир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаи Русияро дарёфт кардаанд, ба маротиб бештар аз он аст, ки дар матбуот нашр мешавад. Тоҷикистону Русия низоми барномаи душаҳрвандӣ доранд, ки ҳуқуқи доштани шиносмномаҳои ду кишварро ба сокинони ин кишвар фароҳам меоварад.

Мақомоти Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2014 нахуст, дипломатҳо, баъдан кормандони амнияту андоз, додситонӣ, вакилони мудофеъ, хидматичёни давлатӣ ва ахиран милисаҳоро аз доштани душаҳрвандӣ маҳрум кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.