“Зи садҳо кони зар боло бидонам”: таассуроти шоир Кӯҳзод аз Паёми Президент

Шоири ҷавон Кӯҳзоди Фатҳулло аз таассуроташ дар мавриди Паёми Президенти Тоҷикистон ба парлумон бо номи “Паёми Пешво” шеъре иншо намудааст, ки дар саҳифаи шахсиаш дар Facebook гузошта шудааст. Кӯҳзод дар шеъраш мегӯяд, “аз дилу ҷон Паёми Сарвари давлатро гӯш кардааст". Ӯ  ин Паёмро “зи садҳо кони зар боло донистааст”. Дар идома ӯ ба Худованд муроҷиат […]

Шоири ҷавон Кӯҳзоди Фатҳулло аз таассуроташ дар мавриди Паёми Президенти Тоҷикистон ба парлумон бо номи “Паёми Пешво” шеъре иншо намудааст, ки дар саҳифаи шахсиаш дар Facebook гузошта шудааст.

Кӯҳзод дар шеъраш мегӯяд, “аз дилу ҷон Паёми Сарвари давлатро гӯш кардааст". Ӯ  ин Паёмро “зи садҳо кони зар боло донистааст”. Дар идома ӯ ба Худованд муроҷиат карда, мегӯяд:

Ба қасди ҷумла аъдояш нигаҳ дор,

Низоми Пешвои миллатамро.

Бубар болотар аз имрӯз, фардо,

Ту номи Пешвои миллатамро.

Ин бори аввал нест, ки дар васфи Паёми Президенти Тоҷикистон шеър иншо мешавад. Яке аз аввалинҳо шуда соли 2016 Давлат Сафар дар ин хусус шеър навишта буд.

Соли 2017 Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон манзумаашро таҳти унвони "Паёми пешво – тақдири миллат” ба васфи Паёми ҳамасолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бахшида буд. Ӯ он замон навишта буд, ки:

Замин гардад ҳама гӯшу ҳама ҳуш,

Ситора баҳри сӯсӯе наҷунбад.

Маҳу Хуршед ҳам аз раҳ биистанд,

Хаёли ман, фалак мӯе наҷунбад.

Зикр шуда буд, ки бигзор паёми ӯро “Путин ба риштаи таҳлил кашида”, “Трамп кӣ будани тоҷиконро бифаҳмад”:

Паёмашро кунад таҳлил Путин,

Трамп аз он баҳо бидҳад ба тоҷик.

Ба тафсираш нишинад Син Тзинпин,

Қазоқу қирғизу афғону ӯзбек…

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.