Рустами Эмомалӣ ба кӯдакон “Шаҳри орзуҳо” туҳфа кард

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон таҳти унвони "Шаҳри орзуҳо" барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ  доир гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар он наздики 2000 кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, таълимгирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакон иштирок доштанд. Гуфта мешавад, барномаи идонаро бо сухани муқаддимавӣ […]

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон таҳти унвони "Шаҳри орзуҳо" барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ  доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар он наздики 2000 кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, таълимгирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакон иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, барномаи идонаро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии раиси пойтахт Рустами Эмомалиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2019 ба унвони тамоми кӯдакони пойтахт расонд.

Дар идома, барномаи рангини солинавӣ таҳти унвони  «Шаҳри орзуҳо», ки аз ду қисми асосӣ –   намоиши театрикунонидашуда ва базми солинавӣ, ки аз  суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин дар васфи «Тоҷикистон», «Шаҳри орзуҳо – Душанбе», «Соли нав», «Соли Хубон» ва ғайра иборат буд, пешниҳоди иштирокчиён карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар баробари ин, шодию хурсандии иштирокчиён ва ҳунармандони хурдсоли чорабиниро туҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ ба ҳамаи иштирокчиён тақдим карда шуданд, дучанд гардонид.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.