Соҳибназарон бар инанд, ки масъулини бахши иқтисодӣ, агар хоҳанд, метавонанд аз фаъол набудани вакилони мардум истифода бурда, буҷетро то андозае ғайримуносиб таҳия кунанд ва қисми муайяни маблағҳои онро барои корҳои камаҳамият ихтисос диҳанд.
“Даҳони пӯшида – сад тило”?
Мушоҳидаҳои инҷониб бозгӯӣ мекунанд, ки мавориди тасдиқи буҷет ва ба овозмонии бидуни эълони муҳтавои қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоят аз ҷониби анқариб ҳеҷ вакил оид ба ягон ҷузъиёт ҳатто боис ба эътирози кӯчак намегардад.
Пурсида мешавад, ки ин ҳолат ба манфиати кист?
https://drive.google.com/file/d/1HWC6Y7LlpwcPQ2mATHv9LK11Y57tD-z1/view?usp=sharing
– Аз давраи кории худ як мисол меорам, – мегӯяд Рустами Сафар, ҳамкасби мо, ки таҷрибаи чандсолаи роҳбарӣ дар яке аз навоҳии вилояти Хатлонро дошт. – Вақте пеш аз қабули буҷет хостам ба сифати роҳбари як ташкилоти ноҳиявӣ бо лоиҳаи он шинос шуда, фаҳмам, ки барои соҳаи ман чӣ миқдор маблағ пешбинӣ шудааст, дар Раёсати молияи ноҳия бароям ин имконро надоданд. Бо раиси ноҳия вохӯрдам. “Мебинем” гуфта, ваъда дод. Танҳо ҳангоме, ки ҷаласаи маҷлиси вакилони халқ шуруъ мешуд, ман лоиҳаи буҷетро дида тавонистам. Пешниҳоди мо дар хусуси ба қадри кофӣ зиёд кардани маблағгузорӣ ба идораамон ба назар гирифта нашуд. Бо нишони эътироз ҷаласаро тарк кардам. Ин боис шуд, ки раиси ноҳия ба ҳайси раиси маҷлиси вакилони халқи ноҳия лоиҳаи буҷетро имзо накарда, онро барои баррасӣ пас гардонид. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки агар вакилон дар баррасии буҷет ба таври фаъол ширкат варзанд, метавонанд ба ҷараёни қабули буҷетҳои маҳаллӣ таъсир гузоранд. Аммо, мутаассифона, боре ҳам вонахӯрдаам, ки вакилон лоиҳаи буҷети маҳаллиро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода бошанд.
“Вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳоду баррасии лоиҳаи буҷети ноҳияро ба таври бояду шояд анҷом намедиҳанд. Лоиҳаи буҷет аз тарафи масъули раёсати молияи ноҳия хонда мешавад. Як ё ду нафар ба музокира мебарояд ва бо ҳамин лоиҳаи буҷет ба овоз монда шуда, қабул мешавад”, – нақл кард Адолат Сайфуллоева, сармуҳаррири собиқадори нашрияи “Тахти Қубод”-и ноҳияи Қубодиён.
Раисон: “Вакилон фаъоланд”
Баръакси ин иддаоҳоро Хайриддин Наҷмиддинов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ва Қобилҷон Файзализода, сардори Раёсати молияи ноҳияи Вахш, баён карданд.
Наҷмиддинов гуфт: “Вакилон фаъоланд. Вақте ки буҷет қироъат карда шуда, аз тарафи сардори раёсати молия ҳимоя мешавад, баҳсу мунозираи зиёд ба амал меояд. Фикру андешаҳои онҳо шунида мешавад. Баъзан мешавад, ки вобаста ба манбаъҳои даромад эрод мегиранд. Як қисмашон дастгирӣ мекунанд. Хулоса, баҳсҳо зиёд мешаванд. Ин баҳсҳо ҳам дар самти даромад ва ҳам дар самти хароҷот ҳамавақт шиддатноканд”.
Файзализода низ айни ҳамин ҳарфҳоро такрор кард.
Раисону шаҳру навоҳии вилоят, ки ҳамзамон раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияи хеш интихоб шудаанд (А. Темур – Ёвон, С. Самизода – Левакант, Ҷ. Ғаффор – Кӯшониён, А. Исмоилзода – Бохтар, У. Файзулло – Ҷ. Балхӣ, Н. Садриддинзода – Н. Хусрав, З. Файзуллозода – Қубодиён), моро бовар кунонидан хостанд, ки вакилони халқ зимни баррасии буҷет ва қарорҳои раисон ҳамеша фаъол буданд ва ҳастанд.
Ба гунаи мисол, Зафар Файзуллозода, раиси ноҳияи Қубодиён, чунин изҳори ақида кард: “Мо кӯшиш карда истодаем, ки нуфузи мақомоти намояндагиро баланд бардорем. Натанҳо комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба буҷет, балки дигар комиссияҳо низ бояд фаъол бошанд. Ҳангоми таъсиси комиссия мо кӯшиш кардем, ки ба он нафарони мутахассис ҷалб шаванд. Албатта, ҳангоми баррасии лоиҳаи буҷет онҳо баҳсу мунозираҳои зиёд мекунанд. Он бо назардошти фикру пешниҳодҳои мутахассисон қабул карда мешавад”.
https://drive.google.com/file/d/1ijlho0duodOyagGfR4NLgcL5qAbwSUH8/view?usp=sharing
Суолгузории вакилон – “мувофиқи фаҳмишашон”?
Андешаҳои худи вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру навоҳии вилоят ё ба истилоҳи дигар, намояндагони мардум дар мавриди нақшашон ҳангоми таҳия ва қабули буҷетҳои маҳаллӣ ва тасдиқи қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ бобати аз захираи озод ҷудо кардани маблағ баҳри иҷрои корҳои муайян гуногун буд.
Раҳмоналӣ Ҳакимов, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг ва ҳамтоҳои ӯ Пиримшо Саҳроев, аз ноҳияи Ховалинг, Сабоҳат Мирзошарифзода, аз ноҳияи Муъминобод, Файзалӣ Назаров, аз шаҳри Бохтар, иддао карданд, ки лаҳзаи пешниҳоди лоиҳаи буҷет суолгузориҳо зиёд сурат мегиранд.
“Вакилон то қабули лоиҳа баҳсҳои зиёде мекунанд. Вакилони мо хеле фаъоланд”, – гуфт Р. Ҳакимов.
“Чун ҳамаи қарорҳои раиси ноҳия қироат мешаванд, маълум аст, ки барои чи кор маблағ ҷудо шудааст. Ҳисоботи он маблағҳо низ ҳастанд. Аз ҳамин хотир, мавриди баҳс қарор намегиранд”, – гуфт С. Мирзошарифзода.
“Мо, вакилон, пешниҳоду дархости худро ба комиссияи таҳияи буҷет ироа мекунем, вале буҷет меъёр дорад. Масалан, барои соҳаи тандурустӣ 3 миллиону 924 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Мо мехоҳем, ки ҳамин маблағ ба 5-6 миллион сомонӣ расонда шавад. Аммо ин аз тарафи Вазорати молияи кишвар ва Сарраёсати молияи вилоят ҳисобу китоб шудааст. Маблағ сарикасӣ ҷудо мегардад. Аз он ҳудуде, ки муайян шудааст, берун баромадан имкон надорад”, – изҳор дошт Файзалӣ Назаров, ки ҳамзамон сардухтури беморхонаи шаҳри Бохтар аст.
Аммо Раҳматхӯҷа Камолзода, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор ва Гулбарг Аҳрорзода, ҳамтои ӯ аз ноҳияи Ховалинг, андешаи дигар доранд:
“Раёсати молия ҳисобу китоби худро пешниҳод мекунад. Бахши иқтисод таҳлилашро манзур месозад. Ва ҳар як вакил мувофиқи фаҳмишаш масъалагузорӣ мекунад”.
Гулбарг Аҳрорзода ба ин суол, ки “Маҳз кадом қарори раиси ноҳия лоақал дафъае мавриди баҳс қарор дода шуд?”, то ҷое посухи ошкоро дод. “Чанд даъват вакил интихоб шудаам, аммо дар ёд надорам”, – гуфт ӯ.
“Фарҳанги баррасӣ” намерасад?
Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Пайк”, мегӯяд, ки лоиҳаҳои буҷетҳои маҳаллӣ кирои баҳсу мунозира надоранд. “Барои он нақши вакилони мардумӣ дар қабули буҷет назаррас нест, ки 80-85 фисади маблағҳо ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ равона карда мешаванд. 15 дарсади боқимонда маблағи ночиз аст. Шояд ба ҳамин хотир вакилон баҳсу мунозира накунанд”, – изофа кард ин мусоҳиби мо.
– Хусусияти иҷтимоии буҷет дар ҳақиқат нигоҳ дошта шудааст, – мегӯяд Абдурраҳмон Наҷмиддинов, коршиноси масоили иқтисодӣ. – Дар тӯли чанд соли охир, хусусан, дар буҷети соли 2019 низ беш аз 50 дарсади хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ, яъне маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва фарҳанг равона шудааст. Аммо новобаста аз ин, ки буҷет хусусияти иҷтимоӣ дорад, бояд саҳми вакилон дар бобати таҳияи он баръало ҳис карда шавад. Яъне онҳоро мебояд оид ба самтҳое, ки афзалияти бештар дошта, аз нуқтаи назари иқтисодӣ зарурати маблағгузорияшон ҷой дорад, қарорҳои дахлдор қабул кунанд.
Вале ба андешаи Рустами Сафар, ки дар аввали матлаб аз таҷрибаи хеш мисол оварда буд, ҷомеи мо ба қадри кофӣ фарҳанги баррасии масъалаҳои молиявиро надорад.
“Алоҳида баррасӣ нашудани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо сабаби зиёд дорад. Аз ҳама асосияш ин аст, ки аксари вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо мансабдорони сатҳи гуногуни ноҳия ё шаҳранд. Аз ин лиҳоз, онҳо ҷуръат намекунанд, ки қарорҳои раисонро ба баррасӣ кашанд, ҳарчанд ин ваколатро доранд”, – афзуд вай.
Назари хос
Аҳмади Иброҳим чунин мешуморад, ки барои ҷалби воқеии вакилон ба кори таҳияи буҷет ва ривоҷ ёфтани дигар соҳаҳо мебояд маблағгузорӣ ба ду арсаи болозикрро кам кард. “Чунки соҳаи тандурустӣ худмаблағгузор шудааст ва қисман соҳаи маориф ҳам. Чун нек бингарӣ, то қабул шудани қонуни худмаблағгузор шудан ин ду соҳа пулакӣ буданд. Барои ранг, барои бӯру сӯзандоруву дигар маблағ меситонданд ва ҳозир ҳам меситонанд. Ҳамон фисаде, ки бояд ройгон бошад, он ҳам дар асл пулакист. Вақте худмаблағгузор шуд, дигар бояд на аз ҳисоби буҷет ва на аз кисаи бемор пули изофӣ наситонанд. Дар соҳаи маориф ҳам ҳамин чиз аст”, – гуфт ин ҳамкасби мо.
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳанд
Мардум гӯянд: “Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ наояд”. Дар масъалаи буҷетҳои маҳаллӣ бояд аз ҳамин мақол кор гирифт. Мусалламан, вақте буҷет бо маслиҳату пешниҳод баррасию қабул мешавад, камбудиҳое, мисли норасоии маблағ ба ин ё он соҳа ва ё аз они худкунию ғайримақсаднок истифода шудани маблағҳо пешгирӣ мешаванд. Ба гунаи дигар гӯем, шаффофият дар кори таҳия ва тақсими буҷет имкон медиҳад, ки амалҳои коррупсионӣ ба таври дилхоҳ пешгирӣ карда шаванд.


