Ҳалокати афсари қушунҳои сарҳадӣ дар марз бо Афғонистон

Date:

Афсари Қушуӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳин (пештара Шӯрообод)-и ҳаммарз бо Афғонистон ба ҳалокат расид.

Зодаи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Суханвар Олимов рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон захми марговар гирифт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон.

Ҳамхизматонаш баҳри наҷоти ӯ талош варзидаанд, ки ҳарчи зудтар ӯро ба беморхона расонанд, вале ӯ дар роҳ мефавтад. Ба тафтиши ҳодиса айни замон прокуратураи ҳарбӣ машғул аст.

Дар бораи ҳалокшуда маълум аст, ки ӯ ҳамагӣ чанд моҳ пеш дар дидбонгоҳи "Баҳорак"-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба хизмат оғоз кардааст.

Қобили зикр аст, ки рӯзи аввали соли нав дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин қочоқбарони афғон нимаи рӯз ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, як чӯпони маҳаллӣ – Тӯрахон Нурматови 42-соларо бо худ бурданд.

Қаблан низ ҳодисаҳои рабудани сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ аз ҷониби қочоқбарони афғон рух дода буданд. Маъмулан афғонҳо пайвандону наздикони тоҷиконеро рабудаву гаравгон мегиранд, ки барои маводи нашъаовар аз онҳо қарздоранд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...