Сохтмони тарабхонаҳои бразилиягӣ, туркӣ ва миллӣ дар Душанбе

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе аз озмуни “Тарабхонаи шаҳр ва қаҳвахона бо пешайвон” натиҷагирӣ намуд. – Мувофиқи шартҳи озмун, ғолибон имкон доштанд, ки лоиҳаи худро дар пойтахти Тоҷикистон амалӣ созанд, – омадааст дар саҳифаи Сарраёсати мазкур дар Facebook. Ба озмун беш аз 50 лоиҳа пешниҳод шуда, Шӯрои шаҳрсозии назди Сарраёсати меъмории Душанбе 3 ғолибро интихоб […]

Asia-Plus

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе аз озмуни “Тарабхонаи шаҳр ва қаҳвахона бо пешайвон” натиҷагирӣ намуд.

– Мувофиқи шартҳи озмун, ғолибон имкон доштанд, ки лоиҳаи худро дар пойтахти Тоҷикистон амалӣ созанд, – омадааст дар саҳифаи Сарраёсати мазкур дар Facebook.

Ба озмун беш аз 50 лоиҳа пешниҳод шуда, Шӯрои шаҳрсозии назди Сарраёсати меъмории Душанбе 3 ғолибро интихоб кард.

Зинаи аввалро лоиҳаи тарабхонаи бразилиягии "Latino" ишғол намуд, ки аз ҷониби фирмаи Cool design таҳия шудааст. Лоиҳа тарзу усули модерн ва бионикаро дар бар гирифта, барои 150 нафар ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи тарабхонаи туркии "OZYURT", ки аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” таҳия шудааст, мақоми дуюмро касб кардааст. Лоиҳа бо тарзу услуби муосир таҳия шуда, барои қабули 120 нафар пешбинӣ мегардад.

Ҷойи сеюм ба лоиҳаи тарабхонаи миллӣ барои чорабиниҳои тантанавӣ дода шудааст, ки аз ҷониби КВД Пажуҳишгоҳи истеҳсолии “Душанбешаҳрсоз” таҳия гардидааст. Тарзу услуби нигориши лоиҳа аз унсурҳои миллӣ ва шарқӣ иборат буда, 160 ҷойи нишаст дорад.

Лоиҳаҳои ғолибони озмун минбаъд бар асоси қарори раиси пойтахт дар шаҳри Душанбе амалӣ мешаванд. Ҳамчунин ғолибон бо дипломҳои Шӯрои шаҳрсозии пойтахт қадрдонӣ мешаванд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.