Дар тестҳои қаблии лоиҳаи Мактаби саводнокии медиавии Asia-Plus шумо дар фарқ кардани маълумоту сурати сохта (фейкӣ) худро санҷида будед.
Ин дафъа мо оид ба наворҳои бофта тест омода намудем. Худро санҷед. Мунтазир шавед, то тест боз гардад.
Тести мазкур дар доираи озмуни “Ошкоркунандагони фейк”, ки аз ҷониби “Азия-Плюс” гузаронида мешавад, омода шудааст. Шумо ҳам метавонед дар ин озмун иштирок намуда, соҳиби яке аз се телефони мобилӣ шавед.
Дар бораи озмуни “Ошкоркунандагони фейк”
Озмун 10 ноябри 2018 оғоз шуда буд ва то 10 феврали 2019 идома мекунад. Ҳар як хонандаи “Азия-Плюс” метавонанд дар ин озмун иштирок карда, соҳиби туҳфаи хотиравӣ шаванд. Се ошкоркунандаи беҳтарин соҳиби телефонҳои мобилӣ мегарданд. Синну сол, касб ва теъдоди маводи ба озмун пешниҳодшаванда маҳдуд нест.
Барои иштирок танҳо лозим аст, ки фейкро (дурӯғро) ошкор ва исбот карда ба мо фиристед. Шумо фейк будани иттилоот, сурат ё видеоро, ки дар расонаҳои иҷтимоию сомонаҳои иттилоотӣ чоп шудаанду ба назари Шумо шубҳаоваранд, бо далелҳо исбот кунед ва ба мо фиристед.
Ба озмун ҳама маводҳои ошкоркунанда бо забони тоҷикӣ ва русӣ қабул карда мешаванд. Маводҳоро ба почтаи электронии редаксия [email protected] ирсол карда метавонед.
Ҳама маводҳои ба талабот ҷавобгӯ дар қисмати лоиҳаҳои махсуси “Мактаби саводнокии медиавӣ” ҷойгир мешаванд. Онҳоро комиссияе, ки аз мутахассисони соҳаи расона, журналистон ва коршиносони мустақил ташкил шудааст, баҳогузорӣ мекунад.
Маводи мазкур зери барномаи қарзҳои хурди Интерньюс дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ» (Содействие стабильности и миру в Центральной Азии) бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо омода шудааст. Мундариҷаи мавод назари шахсии муаллиф аст ва метавонад бо нуктаи назари Иттиҳоди Аврупо мувофиқат накунад.


