Нашри маҷмӯаи мусиқии кӯҳистони Тоҷикистон бо дастгирии Tcell

Дар Душанбе бо пуштибонии ширкати Tcell муаррифии ду албоми мусиқии миллӣ-    «Зебоипарастӣ» и «Орифона» баргузор шуд. «Зебоипарастӣ» – ин тарҳи бузургмиқёси мусиқӣ бо фарогирии маҷмӯаи оҳангу сурудҳои мардумӣ буда, таронаву матнҳо дар иҷрои ҳунармандони маъруфи тоҷик садо медиҳанд.  Кор болои ин албом тайи ду соли ахир идома ёфта, роҳбарии лоиҳаро продюсер Фирӯз Шабдолов ба зимма […]

Иттилоияи расмӣ

Дар Душанбе бо пуштибонии ширкати Tcell муаррифии ду албоми мусиқии миллӣ-    «Зебоипарастӣ» и «Орифона» баргузор шуд.

«Зебоипарастӣ» – ин тарҳи бузургмиқёси мусиқӣ бо фарогирии маҷмӯаи оҳангу сурудҳои мардумӣ буда, таронаву матнҳо дар иҷрои ҳунармандони маъруфи тоҷик садо медиҳанд.  Кор болои ин албом тайи ду соли ахир идома ёфта, роҳбарии лоиҳаро продюсер Фирӯз Шабдолов ба зимма дошт. Овозхонҳои саршиноси Тоҷикистон: Далер  Назаров, Иқбол  Завқибеков, Улфатмо Мамадамбарова, Бахтибегим Орифова ва Мародбахт Файзова зимни муаррифии албом ширкат ва ҳунарнамоӣ доштанд.

Ширкати Tcell дар чаҳорчӯби масъулияти иҷтимоиаш аз тарҳи мусиқии “Зебоипарастӣ” пуштибонӣ кард. Ба унвони як ширкати масъулияти иҷтимоидошта, Tcell барои ҳифзу нигаҳдошт ва тарғиби анъанаҳои миллию фарҳангӣ ҳамеша талош меварзад. 

 «Tcell бо хушнудӣ шарики ҳамкор дар татбиқи лоиҳаи мазкур гардид. Ширкати Tcell тарҳҳои фарҳангиро ҷонибдорӣ менамояд, зеро тарғибу ташвиқ, ҳифз ва нигаҳдошти анъанаҳои миллӣ як бахши муҳими зиндагии инсонҳо аст. Маҳз чунин иқдому тарҳҳо миёни ҷавонон шавқу рағбатро бедор карда, онҳоро барои эҳтироми суннату фарҳанги қадимӣ таҳрик медиҳад ва ин дастовард ҳамин тавр аз насл ба насл мегузарад”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Вижагӣ (махсусият)-и албоми «Зебоипарастӣ» дар он аст, ки ҳунармандон оҳангҳои худро худашон иҷро менамоянд. Ба синну солашон нигоҳ накарда, бештари иштирокчиёни лоиҳа оҳангу таронаҳои беҳтаринашонро дар назди ҳозирин бо санъати баланду олӣ пешниҳод сохта, маҷмӯаи нодиреро аз фарҳанги кӯҳистони Тоҷикистон ба вуҷуд оварданд. Сабту банду басти маҷмӯа (албом)-и мусиқӣ дар Помир, Душанбе, дараи Варзоб, Маскав ва Алма –ато анҷом ёфтааст.

Аснои муаррифии албоми мазкур ҳунармандони хушсалиқаву нотакрор Самандар Пӯлодов, Иқбол Завқибеков, Мародбахт Файзова ва гуруҳи созию овозии «Шамс» баромад намуданд. Дар оғоз Далер Назаров бо сухани ифтитоҳӣ маъракаро ифтитоҳ ва албоми навашро таҳти унвони «Орифона» манзури тамошобинон кард.

__________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.