Боздошти 7 ронандаи маст дар Душанбе, аз ҷумла ронандаи маршрутка

Зимни рейди махсуси кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе 7 нафар ронандагони маст сари чанабараки воситаи нақлиёт боздошт шуданд. Миёни онҳо ронандаи микроавтобус (маршрутка)-и №14 Фароҳод Боқиев низ ҳузур дорад, хабар медиҳад маркази матбуоти РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне […]

Asia-Plus

Зимни рейди махсуси кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе 7 нафар ронандагони маст сари чанабараки воситаи нақлиёт боздошт шуданд. Миёни онҳо ронандаи микроавтобус (маршрутка)-и №14 Фароҳод Боқиев низ ҳузур дорад, хабар медиҳад маркази матбуоти РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 16 ҳазору 500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардани ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Зимни баргузории рейди мазкур, ки муддати 7 рӯз дар роҳҳои пойтахт давом кард, наздики 3,8 ҳазор ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст.

Қонуншикании аз ҳама бештар аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон дар микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и шаҳрӣ буда, барои роҳ додан ба чунин қоидавайронкунӣ 216 нафар ронадагон ҷарима шудаанд.

Гуфта мешавад, 93 ронандаи микроавтобусҳои пойтахт низ барои худсарона баромадан аз хати сайр мавриди ҷаримабандӣ қарор гирифтаанд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.