Дастрасӣ ба Фейсбуку Ютуб дар Ӯзбекистон пеш аз сафари Мирзиёев ба Аврупо

Дар Ӯзбекистон сар аз 14 январи соли равон шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Вконтакте ва саҳифаи YouTube дубора дастрас шуданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти расонаҳои ӯзбекӣ, то ҳол воридшавӣ ба шабакаҳои мазкур танҳо бо VPN ва филтршиканҳо (анонимайзерҳо) имконпазир буд. Гуфта мешавад, тамоми ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Ӯзбекистон низ тасдиқ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Ӯзбекистон сар аз 14 январи соли равон шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Вконтакте ва саҳифаи YouTube дубора дастрас шуданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти расонаҳои ӯзбекӣ, то ҳол воридшавӣ ба шабакаҳои мазкур танҳо бо VPN ва филтршиканҳо (анонимайзерҳо) имконпазир буд.

Гуфта мешавад, тамоми ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Ӯзбекистон низ тасдиқ карданд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар бидуни филтршиканҳо дубора дастрас шудаанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар бузургтарин хабаргузориҳои давлатӣ ва вазоратхонаҳои Ӯзбекистон Facebook ва YouTube бидуни истифодаи филтршикан то ин замон дастрас буданд.

Қобили зикр аст, ки дастрасӣ ба Facebook дар Ӯзбекистон моҳи сентябри соли гузашта маҳдуд шуда буд. Дертар YouTube низ дастнорас шуд.

Ёдрас мешавад, қарор аст, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 20-22 январ аз Олмон боздид кунад. Бархе корбарони ӯзбек мегӯянд, дастрас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин сафар рабт доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.