Оғози равуои троллейбусҳои бидуни алоқа бо барқ дар Душанбе

Охири моҳи март дар роҳҳои пойтахти Тоҷикистон троллейбусҳои бидуни алоқа бо барқ, ки бо харҷи миллион доллар аз Беларус харидорӣ мешаванд, ба равуо оғоз мекунанд. Нахуст мақомоти шаҳрдорӣ аз Беларус чор троллейбуси чунин навъ мехарад, ки ҳар кадоме итақрибан 250 ҳазор доллар нарх дорад. Воситаҳо барои харидории онҳо аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Охири моҳи март дар роҳҳои пойтахти Тоҷикистон троллейбусҳои бидуни алоқа бо барқ, ки бо харҷи миллион доллар аз Беларус харидорӣ мешаванд, ба равуо оғоз мекунанд.

Нахуст мақомоти шаҳрдорӣ аз Беларус чор троллейбуси чунин навъ мехарад, ки ҳар кадоме итақрибан 250 ҳазор доллар нарх дорад. Воситаҳо барои харидории онҳо аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ҷудо карда мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории Душанбе.

Троллейбусҳо дар доираи амалисозии лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе”, ки аз ҷониби БАТР маблағгузорӣ мешавад, дастрас мегарданд.

“50%-и воситаҳои пулӣ грант ва 50%-и дигараш қарз мебошад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” корманди шуъбаи нақлиёти мқомоти шаҳрдории пойтахт Абдулхайр Алиев.

Троллейбусҳои истеҳсоли корхонаи «Белкоммунмаш» (модели 32100D) ҳам бо ёрии шабакаи барқ ва ҳам бидуни алоқа бо барқ (тарзи автономӣ, мустақилона) ҳаракат карда метавонанд. Энергияи (нерӯи барқи) захирашуда дар троллейбусҳои чунин навъ барои ҳаракат бидуни васл бо шабакаи барқ ба масофаи то 15 километр мерасад (кифоягӣ мекунад).

Намояндаи мақомоти шаҳрдорӣ зимнан зикр кард, ки бо ин васила мақомоти шаҳрдории пойтахт ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиётро бар асари бозистии троллейбусҳои кӯҳна, ки дар ҳолатҳои қатъи интиқоли барқ соатҳои зиёд дар роҳ таваққуф мекунанд, ҳал карданист.

Дар сомонаи корхонаи истеҳсолкунанда гуфта мешавад, шумори ғунҷоиши троллейбусҳои модели 32100D 90 нафар мусофир бо 22 ҷойи нишастро ташкил медиҳад. Дар троллейбус низомҳои оташхомӯшкунӣ, мушоҳидаи сабти видеоӣ, ҳавософкун (кондитсионер) ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ амал мекунанд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.