Ҳалокати ду нафар зери тарма дар Панҷакент

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар кӯҳҳои деҳаи Роғичи шаҳри Панҷакент ҷасади мардеро дарёфта, ҷустуҷӯи ҳамроҳи ӯ – Масеҳо Орзуеви 20-сола идома дорад. Ҷасади сокини 30-солаи деҳаи Роғич Абудшафи Тиллоев ба наздикони пайвандонаш супурда шуд. Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, онҳо рӯзи 14 январ ҳангоми ҷамъорварии хезум дар кӯҳ […]

Asia-Plus

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар кӯҳҳои деҳаи Роғичи шаҳри Панҷакент ҷасади мардеро дарёфта, ҷустуҷӯи ҳамроҳи ӯ – Масеҳо Орзуеви 20-сола идома дорад.

Ҷасади сокини 30-солаи деҳаи Роғич Абудшафи Тиллоев ба наздикони пайвандонаш супурда шуд.

Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, онҳо рӯзи 14 январ ҳангоми ҷамъорварии хезум дар кӯҳ зери тарма мемонанд.

Як ҳафта пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор дода буд, ки бар асари боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ хатри тарамафароӣ ва сангреза эҳтимол дорад.

Ҳамин тариқ, аввали моҳи январ дар қаламрави ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнону Ишкошими ВМКБ, ҳамчунин ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҳодисаҳои тармафароӣ ба қайд гирифта шуданд. Беш аз даҳҳо тарма рӯзи 11 январ шоҳроҳи Душанб – Хуҷандро баста, онро муддати чандин соат тоза карданд.

Қобили зикр аст, ки моҳи январи соли 2017 бар асари тармафарӣ дар Тоҷикистон ҳафт нафар ба ҳалокат расида буданд. Панҷ нафар дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд ва ду кас дар роҳҳои ВМКБ ҳалок шуда буданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.