Ҳалокати падару писар зери тарма дар Ишкошим

Date:

Бар асари фаромадани тарма падару писар, сокинони ноҳияи Ишкошими ВМКБ ҳалок шуданд.

Мафтулбек Музофирбекови 40-сола ва падари ӯ – Ақризобек Музофирбекови 64-сола нимаи дуюми рӯзи 17 январ ҳангоми тозакунии роҳи Хоруғ – Ишкошим аз барф зери тарма монданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

Ҷасади Музофирбекови ҷавон аз зери тарма берун оварда шуда, ҷустуҷӯи ҷасади падари ӯ идома дорад.

Як рӯз пеш дар қаламрави ноҳияи Ванҷ 5 нафар сокинони маҳаллӣ зери тарма монданд. Ҳодисаи тармафароӣ дар роҳи байни деҳаҳои Мотравн ва Жамаги ҷамоати Язгулом рух додааст. Мақомоти маҳаллӣ хабар доданд, ки чор нафари онҳо наҷот дода шуда, ҷустуҷӯи як каси дигар аз зери тарма идома дорад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...