Қабули амволи манқул ба сифати гарав зимни қарздиҳӣ

Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) аз баргузор намудани ислоҳоти қонунгузорӣ дар соҳаи қарздиҳӣ дар заминаи амволи манқул дар Тоҷикистон истиқбол мекунад. Қонуни қабулшуда «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ба он замимашуда акнун ба корхонаҳои хурду миёна имкон медиҳанд, ки ба сифати таъмини гарав дар баробари амволи ғайриманқул амволи […]

Asia-Plus

Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) аз баргузор намудани ислоҳоти қонунгузорӣ дар соҳаи қарздиҳӣ дар заминаи амволи манқул дар Тоҷикистон истиқбол мекунад.

Қонуни қабулшуда «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ба он замимашуда акнун ба корхонаҳои хурду миёна имкон медиҳанд, ки ба сифати таъмини гарав дар баробари амволи ғайриманқул амволи манқулро низ ба бонкҳо пешниҳод намоянд.

Бо қабули қонуни нав муҳити мусоиде ба вуҷуд меояд, ки дар он соҳибкорони хурду миёна дар шакли дороиҳои манқул, бо шумули масалан таҷҳизот, қарзи дебиторӣ, моликияти молу маҳсулот ва анбордорӣ ва ҳатто моликияти зеҳнӣ, навъи алтернативӣ барои қарзгирӣ пайдо кунанд, қайд мекунанд дар намояндагии IFC.

Ташкилотҳои қарзӣ ба сифати таъмини гарав аз рӯи уҳдадориҳои қарзӣ маъмулан дороиҳои ғайриманқул (замин, бино ва ғайра)-ро қабул доштанд, ки бинобар сабаби маҳдуд будани чунин навъи сармоя дар ихтиёри корхонаҳо, барои корхонаҳои хурду миёна монеъаҳо эҷод мекард.

“Дороиҳои манқул бо бозоргирии зиёд ва дастрас буданашон фарқ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта ҳиссаи амволи манқул дар сармояи корхонаҳо бештар буда, тақрибан 78% ва ҳиссаи амволи ғайриманқул дар дороиҳои корпоративӣ ҳамагӣ 22%-ро ташкил медиҳад”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар намояндагии корпоратсия.

Ҳамин тариқ, зикр карданд дар IFC, ислоҳоти доиргардида ба соҳибкорони хурду миёна фоидаовар аст, ки барои аксарияи кулли онҳо амволи манқул навъи бештар қобили қабул ва бартариятноки таъмин зимни анҷоми муомлоти қарзӣ мебошад.

Мутахаасисони корпоратсия бар ин назаранд, ки ислоҳоти мазкур ҳамчунин ба рушди низоми бонкии ҷумҳурӣ низ таъсири назаррас дошта метавонад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.