Ду рекорди варзишгарони тоҷикистонӣ дар Қазоқистон

Намояндагони варзиши сабуки Тоҷикистон дар Мусобиқаи V байнулмилалӣ барои дарёфти ҷоизаҳои чемпиони олимпӣ Олга Рипакова дар шаҳри Уст-Каменогорски Қазоқистон ду медал ба даст оварданд. Бо натиҷаи 1:53.39 дақиқа дар мусобиқаи давидан ба масофаи 800 метр Одилшо Исматов ба дарёфти медали нуқра шарфёб гардид. Натиҷаи ғолиби ин мусобиқаи давидан Хуршед Аҳмадалиев аз Ӯзбекистон 19 сония беҳтар […]

Asia-Plus

Намояндагони варзиши сабуки Тоҷикистон дар Мусобиқаи V байнулмилалӣ барои дарёфти ҷоизаҳои чемпиони олимпӣ Олга Рипакова дар шаҳри Уст-Каменогорски Қазоқистон ду медал ба даст оварданд.

Бо натиҷаи 1:53.39 дақиқа дар мусобиқаи давидан ба масофаи 800 метр Одилшо Исматов ба дарёфти медали нуқра шарфёб гардид. Натиҷаи ғолиби ин мусобиқаи давидан Хуршед Аҳмадалиев аз Ӯзбекистон 19 сония беҳтар аст.

Дар рақобати давидан ба масофаи 400 метр байни занон намояндаи Тоҷикистон Кристина Пронженко бо натиҷаи 55.72 сония ба медали биринҷӣ соҳиб шуд.

Қобили зикр аст, ки бо ин натиҷаҳо ҳарду намояндаи Тоҷикистон ба дарёфти рекордҳои миллии ҷумҳурӣ ноил гардиданд.

Бино ба маълумоти дастандаркорони чорабинӣ, дар ин мусобиқа, варзишгарон аз Украина, Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Туркия, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қазоқистон ширкат варзида, аксари онҳо бори нахуст дар он ҳузур доштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.