Қаламрави шаҳри Душанбе беш аз 7 ҳазор гектар зиёд шуд

Date:

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон дар ҳисоботи соли 2018 хабар медиҳад, ки дар бораи ҳолати заминҳои як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ, ки қисмате аз онҳо ба ихтиёри мақомоти шаҳрдории Душанбе дода мешавад, ҳуҷҷатҳо таҳия намудааст.

Дар қарори ҳукумат “Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе”, ки ҳанӯз соли 2017 қабул шуда буд, зикр мегардад, ки қаламрави пойтахт аз 12,7 ҳазор гектари ҳозира то ба 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар – дар соли 2040 ва 30 ҳазор гектар – баъди соли 2040 васеъ карда мешавад.

Мувофиқи қарори қабулшуда аз ҷониби вакилони маҳаллӣ, як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ қитъаҳои заминҳои худро ба тавозуни пойтахт гузарониданд. Ҳиссаи нисбатан зиёди қаламрави ҷамоатҳои Чимтеппа (2 770,34 га), Сарикиштӣ (1 687,64 га), Россия (1 305,53 га) ва Гулистон (919,12 га) ба қаламрави шаҳр дохил шуданд.

Қисмате аз майдони ҷамоатҳои Чортеппа (497,36 га) ва Чоряккорон (477,26 га) ва 2 гектар заминҳои ҷамоати Навобод низ акнун қаламрави шаҳр шуморида мешаванд.

Ҳамин тариқ, қаламрави пойтахти Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба масоҳати 7 659,25 гектар зиёд шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нақшаи генералии шаҳри Душанбе

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дастур дода буд, ки оид ба назорат аз болои истифодаи пурсамар ва оқилонаи заминҳо дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ва васеъ кардани қаламрави шаҳри Душанбе ситод таъсис дода шавад.

Бар асоси тадбирҳои андешида дар ин самт тибқи маълумоти Кумита, дар ҷамоатҳои деҳоти Чортеппа, Сарикиштӣ ва Россияи ноҳияи Рӯдакӣ 56 ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории истифодаи замин ошкор ва қонуншиканон ба маблағи умумии қариб 19 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.

Ба санаи 1 январи соли 2018 масоҳати қаламрави шаҳри Душанбе 12 659 ҳазор гектар ва акнун 20 ҳазору 318,25 гектарро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...