Ҳамаи фурӯшандагони Душанбе либоси ягонаи корӣ ба бар мекунанд

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ҳамаи кормандони бозорҳои коммуналӣ ва хусусӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, соҳибкорони инфиродии нуқтаҳои савдо, корхонаҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумии шаҳр сарфи назар аз шакли моликият, бояд либоси ягонаи махсуси корӣ дошта бошанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар қарори мазкур ба сохторҳои марбутаи шаҳр […]

Аваз Юлдошев

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ҳамаи кормандони бозорҳои коммуналӣ ва хусусӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, соҳибкорони инфиродии нуқтаҳои савдо, корхонаҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумии шаҳр сарфи назар аз шакли моликият, бояд либоси ягонаи махсуси корӣ дошта бошанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар қарори мазкур ба сохторҳои марбутаи шаҳр дастур дода шудааст, ки дар муддати 1 моҳ ҷиҳати иҷрои ин қарор тадбирҳо андешанд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе якҷо бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи бехатарии амнияти озуқавории назди ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вогузор шуда, онҳо вазифадор шуданд, ки дар доираи ваколатҳои худ ҷиҳати таъмини иҷрои қарори мазкур чорабиниҳоро амалӣ намуда, аз натиҷаи корҳо ҳар семоҳа ахбор пешниҳод намояд.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз моҳи октябри соли 2016 раиси онвақтаи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев низ дар бораи таъмини кормандони ҳамаи бозорҳо ва марказҳои савдо, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ бо либоси ягона корӣ қарор ба имзо расонида буд. Мувофиқи қарор, сарулибоси омодашуда аз ҷониби тарроҳон ба комиссияи махсус пешниҳод шуда, беҳтаринашро онҳо интихоб мекарданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.