Чӣ гуна сокинони “колхози Россия” душанбегӣ шуданианд?

Қаламрави Душанбе аз ҳисоби заминҳои деҳаҳои ноҳияи Рӯдакӣ 7,7 ҳазор гектар зиёд шуд. Ин ҷо алҳол на ҳама огаҳӣ доранд, ки ба наздикӣ сокини пойтахт мешаванд ва касоне, ки бохабаранд, умедворанд, ки акнун дигар дар ин роҳҳо КАМАЗ-ҳо равуо накарда, ба ивази чорвое, ки бо шаҳрӣ шуданашон доштани он манъ мешавад, барои онҳо корхонаҳо месозанду […]

Қаламрави Душанбе аз ҳисоби заминҳои деҳаҳои ноҳияи Рӯдакӣ 7,7 ҳазор гектар зиёд шуд. Ин ҷо алҳол на ҳама огаҳӣ доранд, ки ба наздикӣ сокини пойтахт мешаванд ва касоне, ки бохабаранд, умедворанд, ки акнун дигар дар ин роҳҳо КАМАЗ-ҳо равуо накарда, ба ивази чорвое, ки бо шаҳрӣ шуданашон доштани он манъ мешавад, барои онҳо корхонаҳо месозанду бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон дар ҳисоботи соли 2018 хабар медиҳад, ки дар бораи ҳолати заминҳои як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ, ки қисмате аз онҳо ба ихтиёри мақомоти шаҳрдории Душанбе дода мешавад, ҳуҷҷатҳо таҳия намудааст.

Ҳамин тариқ, қаламрави шаҳр 7,7 ҳазор гектар – тақрибан 11 ҳазор майдони маъмулии футбол зиёд мешавад ва ин ҳоло ҳудуди ниҳоӣ нест: минбаъд шаҳри Душанбе боз васеътар хоҳад шуд. Зиёдшавии қаламрав асосан ба самти ҷануб сурат мегирад.

Алҳол сокинони чанде аз ҷамотаҳои ноҳияи Рӯдакӣ: Сарикиштӣ, Гулистон, Чортеппа, Чоряккорон, Россия ва Чимтеппа ба шаҳрӣ шудан омодагӣ мегиранд.

Пас аз расман ба тавозуни пойтахт супурдани ин ҷамоатҳо, ҳаёти сокинони маҳаллӣ бояд ҷиддӣ тағйир ёбад: ҳадди ақал, тибқи тартиботи зиндагӣ дар шаҳр, парвариши чорво, ки аксарият ба он машғуланд, манъ мешавад.

Мо аз ду ҷамоат – Россия ва Чимтеппа боздид намуда, аз нақшаву умедвориҳо ва ҳамчунин ташвишу ҳароси сокинони ин маҳал дар мавриди сокинони пойтахт шуданашон огаҳӣ ёфтем.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.