Тахфифҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар транзити роҳи оҳан

Ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон пешниҳоди тахфифҳо (камшавии нарх)-ро барои транзит тариқи роҳи оҳан дар соли равон баррасӣ намуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти идораи роҳи оҳани Ӯзбекистон, чанде қабл, санаи 24 январ дар шаҳри Тошканд дидору гуфтушуниди раҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶС “Ӯзбекистон темир йулларӣ” баргузор шудааст. Гуфта мешавад, вохӯрӣ бо мақсади […]

Ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон пешниҳоди тахфифҳо (камшавии нарх)-ро барои транзит тариқи роҳи оҳан дар соли равон баррасӣ намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти идораи роҳи оҳани Ӯзбекистон, чанде қабл, санаи 24 январ дар шаҳри Тошканд дидору гуфтушуниди раҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶС “Ӯзбекистон темир йулларӣ” баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, вохӯрӣ бо мақсади рушди пайвастаи муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин таҳкими ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судманд барпо гардидааст.

“Дар мулоқот ба масъалаи густариши ҳамкориҳо дар бахши ҳамлу нақли бору мусофирон ва афзоиши ҳаҷми боркашонии транзитӣ бар асоси қарордод таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Ҳамчунин масъалаи тахфифҳои пешниҳодмешудаи дуҷониба дар соли 2019 низ баррасӣ шуд”, – омадааст дар хабар.

Ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳар кадоме аз тарафҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми кашонидани бору мусофирон тариқи роҳи оҳан имконоти нав фароҳам меорад. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои пешбинишуда ҳамаҷониба барррасӣ ва роу воситаҳои амалишаваии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Таъкид мешавад, ки аз лиҳози мавқеи геостратегӣ Ӯзбекистон шарики муҳими транзитӣ шуморида шуда, аз ин рӯ, ин барои кишвар ҷиҳати ишғоли ҷойгоҳи арзанда дар муомилоти моли дуҷониба, иштирок дар равандҳои воридоту содироти молу маҳсулот, ҳамчунин рушд ва роҳандозии робитаҳои байнулмилалӣ бо кишварҳои ҳамсоя шароити мусоид муҳайё мекунад.

Қайд мешавад, ки соли 2018 байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ба як қатор хизматгузориҳо оид ба боркашонӣ, аз ҷумла тахфифҳо ба ҳамлу нақли воридоту содирот, имтиёзҳо ҷорӣ шуданд. Ҳамзамон барои равуои мусофирон низ тариқи роҳҳои оҳани ҳарду кишвар шароитҳои бештар бароҳат фароҳам гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушуниди мазкур байни ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.