Нигаронии Прокуратураи генералӣ аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон

Соли гузашта дар Тоҷикистон бо иштироки ноболиғон 907 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли 2017 – 31% бештар аст, хабар доданд дар нишасти матбуотии рӯзи 29 январ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ. Соли гузашта дар кишвар дар маҷмӯъ 21 ҳазору 957 ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017 – 0,3% камтар мебошад. […]

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Соли гузашта дар Тоҷикистон бо иштироки ноболиғон 907 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли 2017 – 31% бештар аст, хабар доданд дар нишасти матбуотии рӯзи 29 январ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.

Соли гузашта дар кишвар дар маҷмӯъ 21 ҳазору 957 ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017 – 0,3% камтар мебошад.

Сабаби асосии болоравии сатҳи ҷиняткорӣ миёни наврасону ноболиғонро дар Прокуратураи генералӣ бо он маънидод карданд, ки беш аз 90%-и ноболиғони ба қонушиканиҳо дастзада аз таҳсил дур монда, зери назорати волидон қарор надоранд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта барои риоя накардани меъёрҳои қонун дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон зиёда аз 2,2 ҳазор нафар волидон ҷарима шуда, нисбати 123 нафар волидони монеъагузор ба таҳсили фарзандон парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда буданд.

Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин таъкид шуд, ки вазъ дар бахши ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши замин низ нигаронкунанда боқӣ мемонад.

“Роҳбари яке аз ҷамоатҳо давоми се моҳи кораш ба фурӯши ғайриқонунии 50 қитъаи замин фурсат ёфтааст, ки гувоҳи дар кадом миқёс қарор доштани чунин ҷинояткориҳост”, – зикр карданд дар Прокуратураи генералӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.